Вазири умури хориҷии Русия гуфт, Душанбеву Маскав ҳанӯз дар мавриди ҳузури пойгоҳи 201 ба тавофуқ нарасидаанд.
Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, эътироф кард, ки бо вуҷуди гузашти мӯҳлати муайяншуда, Тоҷикистону Русия натавонистаанд, бар сари созишнома дар мавриди ҳузури пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон ба мувофиқа расанд. Вай баъд аз мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, гуфт, ду тараф ба мувофиқа расидаанд, то музокирот сари ин созишнома суръат бахшида шавад. Ҷаноби Лавров илова кард, раҳбарияти Тоҷикистон барои нигоҳдории пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави кишвари худ манфиатдоранд.
Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия, дар охирин сафараш ба Душанбе гуфта буд, созишнома дар мавриди 49 соли дигар боқӣ мондани пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон бояд дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ (2012) барои имзо омода шавад. Аммо бинобар ихтилофи амиқи назар санади мазкур ҳанӯз ҳам ниҳоӣ нашудааст.
Бино ба гузоришҳо, Тоҷикистон аз Русия мехоҳад, баъд аз соли 2014 солона барои ҳузури пойгоҳаш дар Тоҷикистон 300 миллион доллар бипардозад, аммо Маскав ба ин талаб розӣ нест.
Сергей Лавров дар робита ба муносиботи Тошканду Душанбе, ки чандест дучори бӯҳрон шудааст, ишора карда ва гуфт, Русия наметавонад ҳамчун кишвари ҳамшарики стратегӣ мавқеи бетарафона ба ин масъала дошта бошад: "Чуноне ҳамтоёни тоҷики ман дар робита ба ин масъала гуфтанд, ҳанӯз ҳам баъзе масъалаҳои байни Тоҷикистону Узбакистон ҳалли ниҳоии худро наёфтаанд. Фикр мекунам, гуфтушунид роҳи мусбат ва бонатиҷаи ҳалли масъалаҳои ду кишвари ҳамсоя хоҳад буд."
Сергей Лавров, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омадааст, рӯзи 24-уми апрел бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва вазири умури хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ дидору мулоқот анҷом дод. Раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни мулоқот бо Сергей Лавров бори дигар таъкид кард, ки Душанбеву Маскав шарикони стратегӣ ҳастанд ва хоҳанд монд. Ӯ гуфт, “мо бовар дорем, ҳамкориҳо ба мо иҷозат хоҳанд дод, то имкониятҳои мавҷударо самаранок истифода барем.”
Вазири умури хориҷии Русия низ дар навбати худ бар зарурати гуфтугӯҳои созанда ишора намуда ва ба амалишавии созишномаҳои имзошуда, ки боиси тақвияти ҳамкориҳои ин ду шарики стратегӣ мешаванд, таъкид кард. Лавров гуфт, дар равобити Русия ва Тоҷикистон ягон мушкили хосе вуҷуд надорад. Вале бо ин ҳол, ба гуфтаи ӯ, бархе аз масоил ҳастанд, ки бояд ҳал карда шаванд.
Қабл аз ин, Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, субҳи рӯзи сешанбеи 24-уми апрел бо ҳамтои тоҷикаш Ҳамроҳхон Зарифӣ дар Душанбе гуфтугӯ анҷом дод. Ин мулоқоти онҳо тӯли як соат паси дарҳои пӯшида сурат гирифт. Дар охир миёни ҳайатҳои вазоратҳои хориҷа ва вазоратҳои рушди иқтисоду хориҷаи Тоҷикистону Русия ду санад ба имзо расид. Яке аз ин санад Барномаи ҳамкориҳо байни вазоратҳои хориҷаи Русия ва Тоҷикистон дар соли 2012 аст, ки онро Сергей Лавров ва Ҳамрохон Зарифӣ имзо карданд.
Санади дигар Созишномаи байнидавлатӣ барои мусоидат ба густариши ҳамкориҳо миёни минтақаҳои Русия ва Тоҷикистон аст, ки он аз сӯи Сергей Лавров ва Шариф Раҳимзода, вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон, имзо шуд.
Сергей Лавров шоми 23-юми апрел бо як сафари расмӣ ба вориди Тоҷикистон шуд. Вазорати корҳои хориҷии Русия низ дар изҳороте гуфтааст, гуфтушуниди Сергей Лавров бо мақомоти Тоҷикистон “дар таҳкими муносибатҳои дӯстона ва стратегии байни Русия ва Тоҷикистон саҳми муҳиме хоҳад дошт. Робитаҳои мо ба манфиати халқҳои ду кишвар, таъмини суботу амният дар Осиёи Марказӣ нигаронида шудаанд."
Ин нахустин сафари як мақоми баландпояи ҳукумати Русия ба Тоҷикистон баъд аз ҷанҷолҳои дипломатии миёни ду давлат бар сари халабонҳои ширкати русии "Ролкан" дар тирамоҳи соли гузашта мебошад. Аммо ин ҳам дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 17-уми апрел дар Душанбе хитоб ба фиристодаи раисиҷумҳури Русия дар умури ИДМ, Константин Косачев, гуфт, дар ивази эҳтироме, ки Душанбе ба манофеи Маскав қоил аст, Русия низ ҳамин гуна ба манфиатҳои Тоҷикистон арҷ гузорад.
Президент Раҳмон пешниҳод кард, ки муносибатҳои миёни Русияву Тоҷикистон ба таври воқеъбинона баррасӣ шаванд. Ба қавли ӯ Тоҷикистон ягона кишвар дар ҷаҳон аст, ки Русия дар қаламраваш беш аз ҳама иншооти муҳими стратегӣ дорад, аз қабили бузургтарин пойгоҳи низомии русии 201-ум, маркази назорати кайҳонии "Окно" дар Норак, гурӯҳи вижаи марзбонӣ, се донишгоҳ ва ғайраву ҳоказо. Аммо бархилофи ин воқеият, афзуд вай, расонаҳои ҳамагонии Русия муносибатҳои миёни Тоҷикистон ва Русияро таҳриф мекунанд.
Ҳамчунин интизор меравад, рӯзи 26-уми апрел дар Душанбе конфронси байнулмиллалӣ роҷеъ ба 20-солагии барқарории муносибатҳои дипломатии миёни Тоҷикистону Русия баргузор шавад. Ин конфронсро сафорати Русия дар Тоҷикистон дар Душанбе созмон медиҳад. Дар ин конфронс масоили муҳими рушди ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла мушкилот ва дурнамои ҳамкориҳои иқтисодии ду ҷониб дар марҳилаи кунунӣ баррасӣ хоҳад шуд.
Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия, дар охирин сафараш ба Душанбе гуфта буд, созишнома дар мавриди 49 соли дигар боқӣ мондани пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон бояд дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ (2012) барои имзо омода шавад. Аммо бинобар ихтилофи амиқи назар санади мазкур ҳанӯз ҳам ниҳоӣ нашудааст.
Бино ба гузоришҳо, Тоҷикистон аз Русия мехоҳад, баъд аз соли 2014 солона барои ҳузури пойгоҳаш дар Тоҷикистон 300 миллион доллар бипардозад, аммо Маскав ба ин талаб розӣ нест.
Сергей Лавров дар робита ба муносиботи Тошканду Душанбе, ки чандест дучори бӯҳрон шудааст, ишора карда ва гуфт, Русия наметавонад ҳамчун кишвари ҳамшарики стратегӣ мавқеи бетарафона ба ин масъала дошта бошад: "Чуноне ҳамтоёни тоҷики ман дар робита ба ин масъала гуфтанд, ҳанӯз ҳам баъзе масъалаҳои байни Тоҷикистону Узбакистон ҳалли ниҳоии худро наёфтаанд. Фикр мекунам, гуфтушунид роҳи мусбат ва бонатиҷаи ҳалли масъалаҳои ду кишвари ҳамсоя хоҳад буд."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад