Ҳавопаймои масири Маскав-Душанбе пур аз мусофир буд...
Умеди 17-сола, муҳоҷирбачае аз ноҳияи Панҷ, ки баъд аз хатми кори худ дар Русия ба ватан бармегашт, хурсандиашро аз мулоқоти наздик бо волидону азизон пинҳон намекард.
Ӯ гуфт, дар давоми панҷ моҳе, ки дар канораҳои Маскав кор кардааст, як миқдор пул ва тӯҳфае ҷамъ карда ҳоло ба ватан меравад. Дар сӯҳбат бо мо иқрор шуд, ки барояш ин муддат дар муҳити фарҳангу забони бегона хеле сахт гузаштааст ва ба ҳолатҳои ногуворе дучор шудааст, ки аз хотир бароварданаш сахт аст.
Вай нақл кард, як субҳ бояд ношто мекарданд ва гурӯҳи бачаҳое, ки бо онҳо мезист, ӯро ба харидани тухм ба фурӯшгоҳ фиристоданд. Гуфт, дар роҳ мерафтаму фикр мекардам, ки тухм ба забони русӣ чӣ мешуда бошад. Рафтааст ба фурӯшгоҳ, рафи тухмҳоро дидааст, ки дар байни моли дигар ҷо шудааст. Ба фурӯшанда гуфтааст, “вон тот дай”, вай нафаҳмидааст: шир, нон, ширинӣ... Хулоса, ноумед аз фурӯшгоҳ берун шуда, хостааст дубора ба хона баргардад, вале зери по нигоҳ кардаст, ки пӯчоқи тухмро дидааст. Дубора назди фурӯшанда рафтааст ва боифтихор пӯчоқи тухмро нишон додаву гуфтааст: “10 такой селий хачу”.
Воқеан ҳам, солҳои охир мавзӯи муҳоҷирон, ҳолатҳои хандаовару ногувори марбут ба тафовутҳои фарҳангии мардуми тоҷик дар Русия яке аз мавзӯъҳои аслии латифаҳои замони имрӯз шудааст. Бархе ҳазлнависон мегӯянд, бекорӣ, порахӯрӣ, милисаву духтур, сиёсатмадорону раҳбарони давр, донишҷӯҳо, сарбозон аз қаҳрамонҳои аслии латифаҳои тоҷикии замони имрӯз мебошанд.
Бахтиёр Аминов, тарҷумон ва иқтисодшиноси тоҷик аз ташаббускорони таъсиси маҳфили “Анекдот-ленд” дар шабакаи иҷтимоии Facebook мебошад. Вай мутмаин аст, ки бо вуҷуди як жанри сабуки адабиёти шифоҳӣ буданаш, латифа рисолати ҷиддӣ дорад: "Нақши латифа бо роҳи ҳазлу шӯхӣ нишон додани камиву костҳои ҷомеа аст. Имрӯз ҳам латифаҳо зиёданд, дар бораи вазъи иҷтимоӣ, зиндагии тоҷикҳо дар хориҷа, дар бораи ахлоқу одоб ҳастанд. Аз мавзӯъҳои дӯстдоштатарини мардум, хандаи намояндагони маҳалҳои гуногун аз болои ҳамдигар аст, яъне хуҷандӣ инро гуфту кӯлобӣ онро. Онҳо аз болои тарзи гуфтор механданд. Вале ин маҳалчигӣ нест, баръакс, бо ин восита, нуқсонҳое, ки ҳаст, нишон дода мешаванд ва ин одамонро хеле наздик мекунад."
Рӯзноманигори тоҷик Самариддин Асозода мегӯяд, латифа нохудогоҳ ҳақиқатгӯи дардҳои ҷомеа ва айни замон, тарбияткунандаи он аст. Аз ӯ хостем, намунае аз навиштаҳои худро пешниҳод кунад, гуфт: "Масалан, як донишҷӯ аз ахлотпораҳо майли шикамсерӣ мекунад. Як рафиқаш аз пешаш мегузараду мепурсад, ки "чӣ кор мекунӣ?" Мегӯяд: "Аз замин нонрезаҳоро чида мемолам ба чашм…"
Вай гуфт, рӯзе як латифаи ӯ мояи ранҷиши ходими БДА (ГАИ) шудааст. Он латифа чунин аст: "Фарзанди яке аз нозирони роҳ мефавтад ва тамоми ронандаҳое, ки дар минтақаи кории ӯ буданд, ба ҷаноза меоянд. Меоянду "бачамой!"-гӯён доду фарёд мекунанд. Нозир аз ин чиз меранҷад ва ҳама ронандаҳоро як ҷо ҷамъ карда мегӯяд: "Майит фарзанди ман аст. Чаро шумо бачамой мегӯед?" Онҳо мегӯянд: "Бо пули мо калонаш кардаӣ."
Дар масоили сиёсӣ, гуфт ӯ, Наҷмиддини Шоҳинбод латифаҳои "бонамак" гуфтааст. Айни замон, ба қавли мусоҳибони мо, латифаҳои сиёсӣ ҳам мисли гузоришҳои интиқодӣ "боэҳтиёт" гуфта мешаванд. Бахтиёр Аминов гуфт, латифаҳои зиёде, ки дар ҳаққи раҳбарони давр эҷод шудаанд, дар забони худи гӯянда сензура мешаванд. Маъмулан мавзӯъҳои сиёсӣ, ки хушхарид ҳастанд, дар гуфтугӯ ба тарзи дигар, исми қаҳрамонҳояш “рӯпӯшкунон” тақдим мешаванд, то ки, ба гуфтаи ӯ, “ба нафароне, ки сари қудрат ҳастанд, нарасад”.