СММ фарбеҳӣ ва бемориҳои вобаста ба онро аз бузургтарин таҳдидҳо ба Аврупо ва Осиёи Миёна медонад.
Муассисаи Кишоварзӣ ва Озуқаи СММ (UN FAO) мегӯяд, дар давоми чиҳил соли оянда таҳдиди камғизоӣ тахминан аз байн рафта, вале бемориҳои марбут бо фарбеҳӣ афзоиш меёбанд.
БА қавли СММ, гуруснагиву камғизоӣ феълан ба тақрибан дарсади аҳолии минтақаи Қафқозу Осиёи Марказӣ таҳдид мекунад, аммо дар соли 2030-ум ин рақам то 2 дарсад поин рафта, дар соли 2050-ум фақат 1 дарсад аҳолии Аврупову Осиёи Марказӣ бо камғизоӣ мувоҷеҳ хоҳанд буд.
Бар илова, муаллифони гузориш таъкид кардаанд, ки дар ғизои мардуми Аврупову Осиёи Марказӣ ҳар чӣ бештар ҷои таомҳои иборат аз гиёҳу ғалларо маҳсулоти гӯшту шир мегираду ҳамроҳ бо камҳаракатӣ омили рушду тавсеаи бемориҳои шадиди ғайри сирояткунанда мешавад.
СММ хотирнишон мекунад, ки соли 2010-ум дар Тоҷикистон 59 дарсад маргу мири сокинон аз бемориҳои ғайрисирояткунанда ва 37 дарсад аз бемориҳои сирояткунандаву гирифтории модарон, занони ҳомила ва бемориҳои марбут бо тағзия ба қайд гирифта шудааст.
Вале аз гузориши СММ як хулосаи ғайричашмадошт баровардан мумкин аст: Дар Тоҷикистон, ки яке аз қашшоқтарин мамолики ин минтақа ёд мешавад, тӯли ҳаёт аз кишварҳои собиқ Шӯравӣ болотар буда, ба мамолики пешрафтаи аврупоӣ наздик аст. Бар пояи омори СММ, тӯли миёнаи ҳаёти сокини Тоҷикистон беш аз 70 сол аст: Мардон беш аз 71 ва занон беш аз 76 сол.
Як моҳ пеш вақте дар ҷаласаи ҳукумати кишвар раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба одати тановули озуқаи серғизову камҳаракатии баъзе тоҷикон, даъват кард, ки мардуми кишвар ба варзиш таваҷҷӯҳи бештар нишон диҳанд. Ин изҳорот бисёриҳоро ба тааҷҷуб овард, зеро чанд рӯз пеш аз он, Бонки Ҷаҳониву UNICEF-Бунёди Кӯдакони СММ иттилоъ буданд, ки солона дар Тоҷикистон то ҳафтуним ҳазор кӯдак бар асари камғизоӣ вафот мекунанд.
Дар ин гузориши муштарак таъкид шудааст, ки камғизоӣ боиси таъхири рушди ҷисмонии кӯдакони тоҷик гашта, феълан қади қариб аз се як ҳиссаи кӯдакони тоҷик аз меъёр пасттар аст. Вале тавре аз гузориши Муассисаи Кишоварзӣ ва Озуқаи СММ (UN FAO) бармеояд, даъват ба варзишу тановули ғизои солим барои тоҷикон хеле ҳам ба маврид аст.
Ин фикрро табиби тоҷик Фирӯза Зокирова дастгирӣ мекунанд. Ба қавли ин ходими яке аз муассисаҳои тиббии шаҳри Душанбе, вақтҳои ахир дар воситаҳои ахбори умум ташвиқи варзиш ва ҳаёти солим бештар эҳсос мешавад, вале тоҷикон бояд тарзи ҳаёт ва вақти тановули ғизоро тағйир диҳанд.
Хонум Зокирова мегӯяд, дар ҷумҳурӣ бисёриҳо аз бемории қанд азият мекашанд ва сабаби он ҳам шояд ин бошад, ки оилаҳои тоҷик одатан, шомгоҳ сари дастархон нишаста ғизои вазнин мехӯранд: “Мардуми зиёд гирифтори бемории қанд шудааст, зеро хӯроки серравған: ошу фатири рӯғанӣ ва гӯшти гӯсфанд барин ғизоҳоро истеъмол намуда, кам ҳаракат мекунанд. Онҳо бо тарбияи ҷисмонӣ машғул намешаванд. Ҳазми чунин ғизои серкалория душвор аст.”
Бар пояи омори маҳаллӣ, соли 2009-ум дар Тоҷикистон шумори гирифторони бемории қанд ба 17 ҳазор нафар расида, омили нигаронкунанда ин буд, ки синну соли беморони ин мараз ҷавонтар мешавад.