Бар асоси таҳқиқоте, ки ахиран ожонсии омори вилояти Хатлон анҷом додааст, сокинони вилояти Хатлон бештар аз ҳама маҳсулоти нонӣ истеъмол мекардаанд ва нон тақрибан 40 дарсади маҷмӯъи ғизои истеъмолии хатлониёнро ташкил медодааст.
Ҳар як узви хонаводаи миёнаҳоли маҳаллӣ дар моҳ 96 сомонӣ, муодили чизе беш аз 21 доллари амрикоӣ, барои хариди маводи ғизоӣ, асосан орду шакару чой масраф мекардааст.
Cокинони Хатлон «пурхӯр» шудаанд
Шодмон Шокиров, раиси ожонси омори минтақа, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ин ҳам дар ҳолест, ки барои хариди маҳсулоти лозими истеъмолӣ ҳар як сокини маҳаллиро мебояд мувофиқи меъёр, дастикам 226 сомонӣ, баробари 50 доллари амрикоӣ, сарф намояд.
Ба гуфтаи ҷаноби Шокиров, сокинони вилояти Хатлон дар қиёс бо солиёни пеш, ба истилоҳ, «пурхӯр» шудаанд:
«Сокинони вилояти мо бештар маҳсулоти нонӣ мехӯрдаанд, яъне 36,5 фоиз. Ба ғайр аз ин 11,5 дарсад маҳсулоти қаннодӣ, 11,5% маҳсулоти гӯштӣ, 3,5% картошка, 1,4% дигар маҳсулотҳо, 6,1% полезиҳо ва 1% тухм ва 10 фоиз мевагиҳоро исетеъмол мекардаанд. Тавре ки мебинем, беш аз се як ҳиссаи ғизои мехӯрдаи хатлониҳо аз нон иборат будааст…»
Ҷаноби Шокиров афзуд, ҳарчанд сатҳи зиндагии мардум нисбат ба даҳ соли пеш беҳбуд ёфтааст, аммо ҳанӯз ҳам аз рӯйи табақабандии камбизоатон, шароити зиндагии 14 дарсади хонаводаҳо дар вилояти Хатлон “ниҳоят бад” арзёбӣ шуда, 42 фисади аҳолии минтақа зери хати фақр ба сар мебаранд.
Нодорон “дандони гӯштхурӣ” надоранд
Пажӯҳиши ожонси омор ҳокист, ки шумори бештари оилаҳои нодор дар деҳот ба сар мебаранд. Зебониссо Раҳимова, модари 5 фарзанд аз ноҳияи Бохтар мегӯяд, даромади моҳонаи хонаводааш на беш аз 500 сомонӣ буда, ҳар моҳ дар навбати аввал ӯ як халта орд ва 5 литр равған харидорӣ мекунад. Нону шакару чой ва картошка ғизои аслии хонаводаи Зебониссо маҳсуб мегардад:
“Наметавонем орди фаровон харида. Орд, ки харидем, дигар маҳсулотро намехарем, рости гап, қувватамон намерасад. Баъзан вақт таоми хамирӣ ё сахт мепазам, то ки нонамон “эконом” шавад. Аммо “қасам”-и гӯштро намехӯрам. Дар хонаи мо 7 нафар хӯранда, агар ба сари ҳама якбуридаӣ гӯшт дар хӯрок партоем, ба мо 2 кило гӯшт дар як ҳафта намерасад. Як кило гӯшт 20 сомонӣ, барои ҳамин фақат дар рӯзҳои ид мехарем. Баъзан ҳавасамон кунад ба мантупазӣ, фарш харида, таом мепазем, лекин, рости гап, “дандони гӯштхӯрӣ” надорем...”
Вале иддае аз сокинони шарҳи Қӯрғонтеппа, ки ба назар мебояд зиндагии беҳтар дошта бошанд, мегӯянд, рӯзгори онҳо низ саропо таъмин нест ва на ҳамеша имкони молии истеъмоли таоми серғизоро доштаанд. Исроил Сафархӯҷаев, корманди идораи коммуналии шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, ҳақмузди моҳонааш 180 сомонӣ, муодили 40 доллари амрикоист. Вай афзуд, ҳамсараш низ кишоварзӣ карда, аммо моҳонааш ба хариди як халта орд кифоят намекардааст. Зимнан, макаронпалов, шӯрбо ва оши бегӯшт таоми аслии хонаводаи ӯ будааст:
“Макароншӯрбо, оши палов, мастоба – ҳамин хӯрокҳоро ҳамсарам таҳия мекунад. Лекин ба ҷойи гӯшт тухмро обпаз карда болои табақи ош мемонем. Шароитро нигоҳ мекунем-да. Лекин ба кӯдакон дилам месӯзад. Мо калонсолон-ку гӯштро дар ягон маъракаҳо истеъмол мекунем, аммо барои фарзандонамон дар идҳо гӯшт мехарему ғизои гӯштӣ мепазем. Саҳарҳо асосан нону қандчой мехурем. Ба ҳамин неъмат ҳам шукри Худо мекунем...”
Ҷаноби Сафархӯҷаев иқрор кард, ки дар хонаводаи ӯ ҳам бештар аз ҳама маҳсулоти нониро истеъмол мекардаанд.
“Маҳсулоти нони таъсири манфӣ дорад”
Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иддаои пизишкон, истеъмоли беш аз меъёри маҳсулоти нонӣ ба саломатии инсон таъсири манфӣ дошта, одамро дар баробари фарбеҳӣ, ҳамчунин ба бемориҳои дигар мубтало мекунад. Шерафган Сатторов, муовини сардори идораи ҳифзи тандурустии вилояти Хатлон, дар ин робита мегӯяд:
“Барои одамони касбу кори гуногун меъёри гуногуни истеъмоли анвоъи ғизо тавсия дода шудааст. Аммо тавсияи умумӣ аз нигоҳи илми тиб ин аст, ки ҳар одам дар як рӯз ақаллан 200 грамм гӯшт, як истакон шир, тухм ва сабзавоту меваҷотро ҳам бояд ҳатман истеъмол кунад. Албатта, нонро ҳам бояд истеъмол кард, аммо хеле кам. Масалан, зарари нони сафед ба саломатии инсон аз фоидааш ҳам бештар аст. Инро ҳам бояд ба инобат гирифт. Маҳсулоти дигари нонӣ, ҳатто кулчақанду торту таоми хамирӣ низ бояд ниҳоят кам истеъмол шавад. Беҳтар аз ҳама нони сиёҳи гандумӣ аст, ки зарараш камтар мебошад...”
Ҷаноби Сатторов афзуд, ҳарчанд ягон мавриди фавти сокинони минтақа бар асари гуруснагӣ сабт нашудааст, аммо муолиҷаи лоғарӣ ва дигар бемориҳои марбут ба истеъмоли ками ғизо дар бемористонҳо ба мушоҳида мерасад.
Нархҳои боло ва маоши ночиз
Бахши аъзами мусоҳибони мо мегӯянд, ҳар моҳ дар навбати аввал орду равған ва маводи дигари ғизоӣ, аз ҷумла гӯшт ва меваҷотро гоҳ-гоҳ, бо даст додани имкони молӣ, харидорӣ мекунанд.
Феълан, маоши ҳадди ақалл дар Тоҷикистон ба 80 сомонӣ, ҳудуди 18 доллар, баробар аст. Аммо як халта орд дар бозор аз 120 то 130 сомонӣ арзиш дорад.
Коршиносони ожонси омори Хатлон мегӯянд, хонаводае, ки моҳона ба сари ҳар як узваш аз 366 сомонӣ, ё 80 доллар, камтар сарф мекунад, камбизоат шумурда мешавад.