Таърихи Душанбе ҳамчун пойтахти Тоҷикистон тӯлонӣ нест ва ба соли 1924 - соли таъсиси ин ҷумҳурӣ мекашад.
Ҳар шанбеи севуми моҳи апрел дар Душанбе Рӯзи пойтахтро таҷлил мекунанд. Таърихи Душанбе ҳамчун пойтахти Тоҷикистон тӯлонӣ нест ва ба соли 1924 – соли таъсиси ин ҷумҳурӣ мекашад. Аммо дар ин зери 90 сол Душанбе то куҷо тавонист ба як пойтахти комил ва ба истилоҳ ба “Каъбаи дилҳо” ва шаҳри умеди ормонҳои мардуми тоҷик табдил биёбад? Оё наслҳое, ки дар ин шаҳр ба воя мерасанд, худро дар воқеъ душанбегӣ мешуморанд?
Чаро Душанбе?
Душанбе, ки Лоиқ Шералӣ “шаҳри ободон”-у “шаҳри озодон” тавсифаш мекард ва Бозори Собир “Дохундаобод”-аш меномад, дар 88 соли пеш бо ҳамагӣ як кӯчаи кӯтоҳи хокӣ, ки ҳоло хиёбони Рӯдакист, рисолати пойтахти комилан нави тоҷикони Мовароуннаҳрро ба дӯш гирифт ва инак шаҳре шудааст бо зери 1 миллион аҳолӣ.
Аммо чаро Душанбе? Чаро Қаротоғ не, ки дар солҳои 20 хеле бузургтар аз Душанбе буд? Ё Ҳисор, ки дар аҳди аморат маркази бекигарӣ буд? Академик Муҳаммадҷони Шакурӣ, ки 70 соли умраш дар Душанбе гузаштааст, мегӯяд: “Ҳама медонист, бояд шаҳри наве бояд сохт. Бухоро аз даст рафт, Самарқанд аз даст рафт, Хуҷанд ҳам то соли 1929 аз Тоҷикистон набуд. Тоҷикистон ягона ҷумҳурии Шӯравӣ буд, ки шаҳр надошт. Бархе мегуфт, Қаротоғ пойтахт шавад, баъзеҳо, ки Душанбе. Дар охир, шароити ҷуғрофӣ ва табиии Душанбе беҳтар ба назар намуд ва Душанберо интихоб карданд барои пойтахт.”
Роҳи тӯлонӣ то тафаккури шаҳрӣ
То оғози ҷанги соли 1992 Душанбе як пойтахти “типикӣ” буд бо аксари аҳолии русзабон дар маркази шаҳр ва мардуми бумие, ки асосан дар канораҳои ноободи шаҳр зиндагӣ мекард. Вале аз ин мулк қариб саросар кӯч бастани русзабонҳо дар солҳои 90 ин таносубро комилан дигар кард ва фавҷи азими мардуми бумӣ аз рустоҳо ба пойтахт рехт.
Бархе мегӯянд, табдили мардуми аврупоӣ ба аҳли русто Душанберо “қишлоқи калон”-е кардааст, ки ҳанӯз Отахони Латифӣ мегуфт. Аммо ба назари бисёриҳо, пойтахти Тоҷикистон маҳз баъд аз ҳамин марҳала симои барҷастатари миллӣ гирифт ва “тоҷикитар” шуд. Бо ҳама урфу одатҳое, ки сокинони наваш аз русто овард ва бо он ҳама шӯру ғавғои селаи кӯдакон, ки муҳити қаблан орому сокити Душанберо иваз кард. Ҳатто бо ҳамон ғарамҳои партову кӯчаҳои пур аз пӯчоқи офтобпараст ё кӯрпаҳои тоҷикие, ки барои шамол додан дар балконҳои биноҳои бисёрқабата меовезанд.
Маҳмуди Кабирӣ, равоншинос ва раҳбари маркази “Маъонӣ” мегӯяд: “Замоне ки мардуми русзабон рафт ва мардуми деҳот омад, як муддат фарҳанги деҳот фарҳанги ин шаҳр шуд. Ҳоло зинаи аввал тай шуд ва мардум дар 10-12 сол одоби шаҳрдориро ёд гирифтанд ҳам аз кинову ҳам аз ҳамсояҳо ва ҳам аз тарбия. Вале агар ин чиз дар шакл ва рафтор эҳсос шавад, ҳанӯз дар тафаккур ҷо нашудааст. Барои ин бояд сериалҳои вижа таҳия кунанд, лекин на дар он формати панду насиҳати пешина, ки дар мардуми мо мӯд буд, дигар наметавонад ҷавобгӯи талаботи имрӯз бошад.”
Душанбегиҳо кай ба майдон меоянд?
Шоир ва донишманди тоҷик Рустами Ваҳҳобниё, ки баъди чандин соли ғурбат ба Душанбе баргашт, мегӯяд, то имрӯз бахши аъзами аҳли Душанбе ба сурати муоширативу маҳфилӣ ва ҳатто созмонӣ дар ҳалақоти минтақаӣ муттаҳид шудаанд, вале ба ақидаи ӯ, ин ҷудоиҳо ба ҳадде нест, ки ихтилофзо бошад: “Ҳанӯз як қишри воқеан шаҳрие, ки собиқа ва ҳастии худро ба Душанбе пайванд дода, худро душанбегӣ ба ҳисоб биорад, пурра ташаккул наёфтааст. Ба ҳар ҳол, ин раванд давом дорад ва дар наслҳои ҷавонтар алакай аз солҳои 70 ва 80 ба баъд як-ду насле ба вуҷуд омад, ки худро комилан ва асолатан душанбегӣ ва пойтахтӣ медонанд.”
Шер, як ҷавони душанбегӣ мегӯяд, насли наве ки дар пойтахт ба воя мерасад, худро, ба ҳар сурат, душанбегӣ эҳсос мекунад, то аз минтақае ки “хуни нофи аҷдодаш рехтааст”: “Онҳо ҳам худро шаҳрӣ мегиранд. Тиҷорат ҳоло асосан дар дасти ҳамон бачаҳои қишлоқист. Вақте мепурсӣ, мегӯянд, барои мисол, ки ман аз Данғараам, вале аз соли 1992 дар Душанбе зиндагӣ мекунам. Дигар онҳо ҳам мисли бачаҳои шаҳр шудаанд – ҳам сӯҳбаташону ҳам рафтору тарбияашон. Пеш маҳаллпарастӣ мекарданд, лекин ҳозир ин қариб нест шудааст.”
Почтамтро наканед, ки симои Душанбест
Душанбе дар пайи чандин соли рукуд, ки аз пайомадҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон буд, дар солҳои охир шоҳиди авҷи сохтмонҳо шудааст, ки симои пойтахт, аз ҷумла маркази шаҳрро дигар кард. Бархе инро аломати табдил ёфтани шаҳр ба як пойтахти муосир медонанд ва бо милаи, барои мисол, 165-метрии парчами миллӣ ё Китобхонаи нави милливу Боғи Рӯдакӣ, ки комилан аз нав сохта шуд, ифтихор мекунанд. Бархеи дигар баъд аз ин канданҳову сохтанҳо маркази шаҳрро ба як дашти урён ташбеҳ мекунанд ва мегӯянд, Душанбеи пешини чанористони худро дигар намешиносанд.
Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ аз ҷумла ба кандани бинои Почтамт дар маркази шаҳр шадидан мухолиф аст ва мегӯяд, Душанберо аз ҷумла ҳамин бинои нимдоира ва дар зоҳир каҷу ноҳамвори Почтамташ шинохта мекард: “Душанбеи мо анъанаҳои таърихӣ надорад, лекин ин анъанаҳоро мо бояд кам-кам ба вуҷуд биорем. Ин сохтмонҳои дар авҷи ҳозираи Душанбе муҳокимаи васеъ мехоҳад. Бинои почтамтро ҳоло мехоҳанд биафтонанд. Охир, он бинои таърихист. Андак симои таърихие ки Душанбе дорад, дар ҳамин хиёбони Рӯдакист. Вазорати фарҳанг, Шӯрои олӣ, театри Лоҳутӣ ва почтамтро нест кардан ва ба ҷои онҳо сохтани биноҳои бисёрқабатаи якхела дуруст нест. Маркази Душанбе бояд симои таърихии худро, ки аз солҳои 30 шакл гирифтан гирифт, нигоҳ дорад.”
Оқои Шакурӣ мегӯяд, Душанбе бояд ҳамчун пойтахт дар тамоми соҳоти зиндагии мардуми тоҷик - чӣ иқтисод, чӣ фарҳанг ва чӣ ташаккули меъёрҳои забони адабӣ – қонунгузор бошад ва дар ояндаи ҷои гӯишу лаҳҷаҳои мухталифи маҳаллиеро, ки кӯчаҳои Душанберо ҳоло пур кардааст, бояд дар оянда як забони ягонаи адабии шаклгирифта дар пойтахт, ки академик Шакурӣ, онро хушбинона “забони Душанбе” ном мебарад, пур кунад.
Пойтахт дар ... Данғара?
Соле пеш аз забони Сӯҳроб Шарифов, масъалаи ба дохилтари кишвар, масалан ба Данғара кӯчондани пойтахт ҳам матраҳ шуд, ки тарафдорӣ пайдо накард. Ба назари маҳофил, сохтани як пойтахти нав хориҷ аз тавони кунунии Тоҷикистон ва Душанбе, ки ҳамчун пойтахт алакай воқеъ шудааст, бояд пойтахт бимонад.