Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Одамон ва хотираҳо дар троллейбуси 1-и Душанбе


Троллейбусҳо дар Душанбе ба шохиси иҷтимоии сокинон ва муҷассамаҳои ҳасрати даврони гузашта табдил ёфтаанд.

Троллейбуси рақами 1-и шаҳри Душанбе аз қадимтарин тролейбусҳо дар хатсайри маркази шаҳр аст, ки аз моварои шаҳр гузашта, вокзали роҳи оҳанро бо Чаҳорбоғи Айнӣ мепайвандад. Садҳо идораву муассисаи муҳим дар ин масир воқеанд ва чандин насл аз сокинону меҳмонони пойтахти кишвар мусофири он будаанду соатҳое аз умри худро дар он ба сар бурдаанд.

Дар солҳои ноороми 1990 гаштани троллейбусҳо дар кӯча маънии оромии вазъро дошт ва ҳоло низ ин навъи нақлиёт на танҳо хотираҳои кӯҳнаро зинда мекунад, балки як навъ ҳисси суботу одатро дар одамон ангезиш медиҳад. Аммо бо он, ки троллейбуси 1 дар масири “протоколӣ” ҳаракат мекунад ва гӯё нисбат ба дигар нақлиёти оммавӣ "шарафи бузург"-е насибаш шудааст, боз ҳам муштариёни қаблиашро надорад ва худаш ҳам пиру назарногир шудааст.

Кондуктори ҷавон бо садои зангӯладоре аз одамон даъват мекунад, савори троллейбус шаванд: «Марҳамат, истгоҳи «Парки Айнӣ», то «Водонасос», то «Медгородок», «8-уми март», "Ватан», то "Вокзали роҳи оҳан», биёед, биёед...»

Аммо ин даъватҳо натиҷаи дилхоҳ надод. Хоҳишмандони сафар дар троллейбус зиёд набуданд. Танҳо чанд пиразан ва мӯйсафед бо сумкаҳои холӣ ба зӯр дастаки дари троллейбусро дошта, боло шуданд.

Истгоҳи баъдӣ "бобарортар" буд. Он ҷо аз дари миёнаи троллейбус чанд талабаи мактаби ҳамагонӣ, ки либосҳои шабеҳи ҳам доштанд, бо хандаву шӯру валвала ворид шуданд. Вале баъд аз як истгоҳ онҳо пиёда шуданд ва хандаву шӯхиҳоро низ бо худ бурданду дохили салон боз сокит шуд. Ғурриши муҳаррик ва чарху дандонаҳои троллейбус ҳам чандон гӯшхарош набуд, аммо суръати ҳаракат бисёр паст.

Ронанандаи троллейбуси "асосӣ"-и шаҳр, Савригул Раҳимова, ба тарафи мусофирон ишора карда, мегӯяд, тақрибан ҳамаи онҳо солманд ва аз қишри бебизоати аҳолӣ ҳастанд, ки имтиёзи истифодаи ройгони троллейбусро
доранд. Савригул мегӯяд, мардуми пулдор аз "минибас" ва таксӣ истифода мекунанд ва автобусҳои хурду тезҳаракат муштариёни собиқи троллейбусро ба худ кашидаанд: “Дар солҳои "Союз" ин хел набуд. Ҳама бо троллейбус ба кор ё таҳсил мерафт. Салонҳо пуропури одам буд. Ҳоло ин хел имкон нест ва ҳамсолони ман солхӯрдаҳое, ки бо нафақаи ночиз зиндагӣ мекунанд дар троллейбус мешининанд.»

Иттифоқан, як нигоҳ ба нақлиёт дар кӯчаҳои пойтахти Тоҷикистон шикофи бузурги байни қишрҳои ҷомеаро ба гунаи барҷаста намоиш медиҳад. Онҳое, ки дар як моҳ 300-400 доллар музд мегиранд, маъмулан аз “минибас”-ҳо истифода мекунанд. Мардуми доротар таксӣ киро мекунанд. Сарватмандон бо мошинҳои гаронбаҳои хориҷии худ ба шаст аз паҳлуи троллейбусҳо мегузаранд. Танҳо пиронсолон ва талабаҳои мактабанд, ки дар истгоҳҳо омадани троллейбусҳоро бесаброна интизор мешаванд.

Троллейбусҳо на танҳо мусофирон, балки тавони қаблии худро низ аз даст додаанд. Камбуди барқ яке аз сабабҳои аз назарҳо афтидани троллейбусҳо ба шумор меравад. Сабаби дигар мавҷудияти истгоҳҳои бешумор аст, ки суръати ҳаракатро хеле кам мекунанд ва вақти мусофиронро мегиранд. Дар хати сайри 1 ҳамарӯза 24 троллейбус ҳаракат мекунад. Ин мошинҳои дароз ҳамчун мероси замони шӯравӣ борҳо таъмир шудаанд, аммо боз ҳам кӯҳнаву фарсуда ба назар мерасанд.

Холаи Саидамоҳ, як мусофири троллейбуси 1, мегӯяд, ки бознишаста аст ва нафақаи ночизаш имкон намедиҳад, ки ба "минибас" ва таксӣ савор шавад: «Аввалҳо таксӣ ҳам арзон буд, автобусҳо ҳам арзон буданд, ҳоло намешавад. Ман маҷбурам ба троллейбус биравам. Книжкаи пенисонерӣ дорам, баъзе ронанадаҳо гоҳо пул намегиранд. Ҳамин беҳтар.»

Бо он, ки троллейбусҳо мусофири кофӣ надоранд, бояд маблағи мушаххасеро, ки кордиҳанда барои онҳо муайян кардааст, бипардозанд. Бисёре аз ронандаҳо наметавонанд, ин маблағро то охири рӯз ҷамъоварӣ кунанд. Аз ин рӯ дар баъзе мавридҳо пулро аз киссаи худ
месупоранд. Ронандаи дигари троллейбуси 1 ба мо гуфт, ки ӯ бояд ба давлат рӯзона 120 сомонӣ супорад, вале танҳо як-ду бор ин маблағро то ба охир ҷамъоварӣ кардааст. Мешаванд мавридҳое, ки мардуми бепул аз ронанда хоҳиш мекунанд, ки ба ивази дуои нек онҳоро то ҷойи даркорӣ бирасонад. Ронандаҳо ночор розӣ мешавад.

Ворид шудани таксиҳои арзони хусусӣ ба кӯчаҳои Тоҷикистон ба даромади троллейбусҳои таърихӣ зарбаи сахт зад. Мардум бештару бештар ба сарфаи вақт машғуланд ва нишастан ба троллейбусро кори беҳуда медонанд. Як ҳамсӯҳбати ман мегӯяд, ки вай аслан дар троллейбус нанишастааст. Вақте аз ӯ пурсидам, ки зиндагиаш чӣ гунааст, бо табассум нарангушташро боло бурд ва гуфт “беҳтарин!” Ин сокини Душанбе мегӯяд: «албатта, ман дар троллейбусу автобусҳои маркази шаҳр намегардам. Онҳо бисёр оҳиста мераванд ва дар истгоҳ зиёд меистанд. Ман дар як созмони байналмилалӣ кор мекунам ва аслан бо таксӣ аз як ҷо ба ҷои дигар меравам.»

Бо ин ҳама барои насли калонсол ва миёна, ки тамоми умр аз троллейбус истифода кардаанд, дидани троллейбус дар кӯчаҳои Тоҷикистон “носталжӣ” ё ҳасрати рӯзҳои гузаштаро зинда мекунад. Гоҳо дар байни мусофирони чеҳраи солхӯрдаи дигарро мебинед, ки бо табассум аз тиреза ба берун менигарад ва зери лаб чизе мегӯяд. Ин шояд аз он наслҳоест, ки ҷавонии худ ва хубиҳои зиндагии худро дар троллейбуси рақами 1-ро фаромӯш накардааст.
XS
SM
MD
LG