Додгоҳи ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон ба баррасии парвандаи ду афсари баландмақоми вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон шурӯъ кардааст.
Дар курсии муттаҳамони додгоҳ Нуриддин Наботов, иҷрокунандаи вазифаи сардори шӯъбаи корҳои дохилӣ ва Муҳаммад Шарифов, раҳбари бахши мубориза бо қочоқи маводи мухаддири шӯъбаи милисаи ноҳияи Қумсангир нишастаанд.
Ин афрод бар асоси 5 банди кодекси ҷиноятӣ, аз ҷумла гирифтани пора бо миқдори калон, баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, сӯйистифода аз ваколатҳои мансабӣ ва ғайриқонунӣ дастгир ё ҳабс намудан айбдор дониста мешаванд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Рустам Давлатшоев, вакили мудофеи Нуриддин Наботов мегӯяд, дар рӯзи аввали мурофиаи додгоҳӣ ошкор шуд, ки гӯё ҷабрдидаҳои парванда зери фишор ва шиканҷа алайҳи нафари зерҳимояташ нишондод додаанд:
«Мо далел дорем, онҳое, ки зимни тафтишот нисбати зерҳимояи ман нишондод додаанд, зери шиканҷа қарор гирифта, маълумоти тавҳиномез додаанд. Масалан, яке аз онҳое, ки ҷабрдида шинохта шудааст, дар рӯзи аввали мурофиа гуфт, ки зимни тафтиши бори мошини боркаши ӯ дар постгоҳ гӯё як покети диазепамро пайдо карда, ба ӯ таҳдид кардаанд, ки мо туро суд мекунем. Агар 10 ҳазор доллар биёрӣ, ҷавобат медиҳем. Ҷабрдида гӯё милисаҳоро розӣ кардааст, ки дар 7 ҳазор доллар раҳоӣ ёбад. Дар суд қасам хӯрд, ки ин маблағро ба Муҳаммад Шарифов додааст. Пурсидамаш, ки ин ҷо Нуриддин Наботов чӣ иртибот дорад? Гуфт, ки онҳо ҳамдаст будаанд. Аммо ин маълумотҳо бардурӯғанд, зеро шоҳидон ба ҳар мазмун нишондод медоданд ва маълум буд, ки ҳарфи худашонро намегӯянд. Ягон далели собиткунанда пешниҳод нашудааст ба суд».
Ба гуфтаи вакили мудофеъ, муфаттишони додситонӣ гуноҳи нафари зерҳимояти ӯро натавонистаанд дайн кунанд. Вай афзуд, Нуриддин Наботов ва Муҳаммад Шарифов тайи ҳафт моҳи охир дар боздоштгоҳи муваққат нигоҳдорӣ шуда, ҳоло аз мақомҳои худ дар сохторҳои вазорати корҳои дохилӣ маҳрум гардидаанд.
Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон мегӯяд, ба хотири ҷилавгирӣ аз содиршавии ҷиноят аз ҷониби корманди милиса, барномаҳои корие рӯйи даст дошта, аз ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳам хостааст, ки дар иҷрои ин амр кӯмак расонанд.
Генерал Анвар Тағоймуродов, сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон, дар ин робита чанде пеш дар рӯ ба рӯйи хабарнигорон гуфт:
«Оид ба таълиму тарбия, пешрафти кори милитсия фақат аз ҷониби роҳбарияти раёсат, вазорат кор кардан кифоя нест. Пеш вақт ин хел сарусадоҳо нисбат ба
милитсия набуд дар байни мардум. Корманди милитсия ҳам аз даруни ҳамин халқ аст, аз ягон кишвари дигар наомадааст. Камбудиҳо ҳастанд, шояд бисёр аст. Коллективи мо ҳам калон аст, баъзан иштибоҳҳо шуданаш мумкин. Аз ин рӯ, фикр мекунам, дар тарбияи бигзор корманди милитсия бошад ё прокуратура, агентии зиддикоррупсионӣ, ҳар яки мову шумо бояд саҳмгузор бошем…»
Аммо ин ягона мавриди ба муҷозот кашидани афсарони вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар қаламрави вилояти Хатлон набудааст. Дар оғози соли ҷорӣ як корманди шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фархор низ бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҳамдастӣ бо бархе аз кормандони мақомоти дигари қудратӣ боздошт шуда буд. Бо таҳқиқи парвандаи мазкур оҷонсии мубориза бо коррупсия ва кумитаи амният сарукор доранд.
Ноҳияи Фархор низ ба мисли ноҳияи Қумсангир бо ҷумҳурии исломии Афғонистон ҳамҷавор буда, ба иддаои коршиносон, дар бештари маврид қочоқи маводи мухаддир тавассути ин мавзеъҳо сурат мегирад.