Хабарнигори қазоқ баъди ҳамлаи мусаллаҳона дар ҳолати вазнин қарор дорад

Акси хабарнигори маҷрӯҳро нашрияи “Уральcкая неделя” пешкаш кардааст

Хабарнигори як нашрияи қазоқистонӣ, ки шоми 19 апрел мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифт, дар ҳолати вазнин қарор дорад. Лукпан Аҳмадёров дар наздикии даромадгоҳи хонааш ба гуфтаи шоҳидон аз ҷониби дасти кам панҷ нафари ношинос лату кӯб ва тирборон шуд. сардабири нашрияи “Уральcкая неделя” Тамара Исломова гуфт, ки Аҳмадёров ва аъзои хонаводаи ӯ ҳафтаҳои охир зиёд таҳдид шудааст. Хабарнигори мазкур чандин намоиши эътирозиро барои интиқоди шадиди полис, ки сабаби кушта шудани дасти кам 16 эътирозгар дар шаҳри Жанаозен декабри порсол шудаанд, ташкил кардааст. Кумитаи дифоъ аз журналистон, воқеъ дар Ню-Йорк аз ҳукумати Қазоқистон даъват кард, ки ин ҳамларо таҳқиқ кунад.