Раисиҷумҳури Судон Умар ал-Башир ба раҳбарони Судони ҷанубӣ таҳдид кард, ки онҳоро "чун ҳарашот несту нобуд мекунад". Рӯзҳои ахир низоъ миёни ду кишвар шадидтар шудааст. Рӯзи чаҳоршанбе зимни суханронӣ дар Хартум Умар ал-Башир изҳор намуд, ки Судони ҷанубӣ бояд аз раҳбарони феълияш озод карда шавад.
Ду кишвар аз ҳафтаи гузашта барои назорат аз минтақаи Ҳеглиг, ки он ҷо чоҳҳои нафт ҷойгиранд, вориди даргирӣ шудаанд. Дар ин задухӯрдҳо аз ҳарду ҷониб дасти кам 22 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Судони ҷанубӣ тобистони соли гузашта баъд аз даргириҳои чандинсола бо Хартум соҳиби истиқлолият шуд.