Клинтон: Асад бояд аз шонси охирин истифода барад

Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ИМА гуфт, ки агар раисиҷумҳур Сурия Башор Асад бо истифода аз шонси охирин ба иҷрои тарҳи аз сӯи ҷомеъаи ҷаҳонӣ пазируфташудаи ҳаллу фасли низоъ дар кишвар шурӯъ накунад, ӯро паёмадҳои сангин интизор хоҳанд буд.

Хонум Клинтон гуфт, ки "набояд фаромӯш кард, ки ин низоъ дар марзҳои НАТО густариш меёбад. Ҳафтаи гузашта қаламрави Туркия ва Лубнон тирборон шуданд. Туркия, ҳампаймони мо дар НАТО, аллакай паёмадҳои низоъ дар Сурияро дар бадани худ эҳсос кардааст".

Дар як суханронӣ дар Брюссел хонум Клинтон афзуд, ки бо вуҷуди вуруди нозирони байнулмилалӣ ба Сурия, ҳукумати Димишқ саркӯбии мухолифини худро идома медиҳад.

Аз ин пеш вазири умури хориҷии Сурия Валид Муаллим даъвати афзоиши теъдоди нозирони байнулмилалӣ дар кишварро рад кард. Ба гуфтаи ӯ, барои назорати оташбас миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифини мусаллаҳ ҳузури 250 нозири СММ кофист.

Имрӯз дар Порис вазирони умури хориҷаи 14 кишвари “дӯсти Сурия” авзоъ дар ин кишвари арабиро баррасӣ мекунанд.