Дар Эрон 15 сокини кишвар ва шаҳрвандони хориҷӣ бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Исроил ва талоши куштору тахрибкорӣ боздошт шуданд.
Вазорати иттилооти Эрон изҳор намуд, ки ин афрод ба гурӯҳи созмондодаи Исроил шомил буданд ва даст ба куштор мезананд. Гуфта мешавад, ки онҳо дар рӯзҳои наздик куштори як донишманди маъруфи Эрон ва тарконидани чанд муассисаро тарҳрезӣ карда буданд.
Масъулини вазорати иттилоот гуфтаанд, ки ин гурӯҳ бо пойгоҳи ҷосусии Исроил дар як кишвари ҳамсоя робита дошт ва ҳамчунин тавассути сафорати Исроил дар кишварҳои ғарбӣ фаъолият мекард.
Солҳои ахир дар Эрон бар асари сӯиқасд чанд донишманди маъруфи соҳаи ҳастаӣ кушта шуданд ва Теҳрон дар ин кушторҳо ҷосусҳои Исроилу Амрикоро айбдор мекард.