Маҷмааи парлумонии Шӯрои Аврупо аз раҳоии ду тан аз мухолифони ҳукумати Белорус аз маҳбас истиқбол кард ва хостори озод кардани дигар маҳбусони сиёсӣ шуд. Охири ҳафаи гузашта бо амри раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко ду маҳбуси сиёсӣ - собиқ номзад ба мақоми раисиҷумҳури Беларус дар интихоботи соли 2010 Андрей Санников ва раиси ситоди маъракаи интихоботии ӯ Дмитрий Бондаренко зиндонро тарк намуданд.
Раиси Маҷмааи парлумонӣ Жан Клод Минион баъд аз истиқбол аз раҳоии мухолифини белорус хостори таҳқиқи иттилоъ дар бораи истифода аз шиканҷа дар маҳбасу боздоштгоҳҳои Белорус шуд.
Андрей Санников, собиқ муовини вазири умури хориҷии Белорус, ва Дмитрий Бондаренко баъди саркӯбии эътирозҳои баъдазинтихоботӣ дар қатори рақибони дигари Лукашенко боздошт ва маҳкум ба зиндон шуда буданд.