Имрӯз нахустин гурӯҳи нозирони СММ вориди Сурия шуд. Ҳадафи ин гурӯҳ, ки ба он 30 нафар шомиланд, санҷиши иҷрои шартҳои оташбас аз сӯи нерӯҳои ҳукуматии Сурия ва мусаллаҳони мухолифи режими Башор Асад аст. Ба иттилои дафтари фиристодаи вижаи СММ ва Иттиҳоди кишварҳои араб Кофӣ Аннон, шояд дар оянда теъдоди нозирон то 250 нафар афзоиш ёбад.
Дар ҳамин ҳол хушунат дар шаҳри Ҳумс оштӣ миёни нерӯҳои даргирро ба хатар мувоҷеҳ кард. Рӯзи якшанбе бар асари тирборони шаҳр аз сӯи нерӯҳои ҳукуматӣ дасти кам 3 нафар кушта шуданд. Мақомоти Димишқ изҳор намуданд, ки низомиён ба ҳамлаи гурӯҳҳои террористӣ посух додаанд. Ҳамчунин хабар дода шуд, ки ҷонибдорони мухолифин ба як қароргоҳи полис дар вилояти Алеппо ҳамла кардаанд. Дар бораи талафот дар ин ҳамла хабар дода нашудааст.