Имрӯз ҳавои Тоҷикистон гарм мешавад

Имрӯз осмони шаҳри Душанбе софу беғубор хоҳад буд, то 24 дараҷа гарм мешавад. Дар Хуҷанд ҳам ҳавои офтобӣ дар назар аст ва ҳарорат то 25 дараҷа боло меравад.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа низ ҳаво беабр ва то 27 дараҷа гарм мешавад. Дар шаҳри Хоруғ низ ҳамин гуна ҳаво пешбинӣ шудааст, аммо салқинтар, яъне то 15 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ низ офтоб нурафшонӣ хоҳад кард, аз 14 то 25 дараҷа гарм мешавад.