Фурӯшгоҳи марказии Душанбе ва ё ЦУМ шояд дубора ба моликияти давлатӣ табдил ёбад. Боймурод Холмуродов, раиси фурӯшгоҳ гуфт, додситонии кулли Тоҷикистон феълан раванди хусусигардонии ин фурӯшгоҳ таҳқиқ мекунад. Ба гуфтаи ӯ, мақомоти тафтишот баъд аз қариб бист соли хусусӣ шудани ЦУМ моликони ин муассиса ва ҳам Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатиро муттаҳам мекунанд, ки фурӯшгоҳро нодуруст ғайридавлатӣ кардаанд. Ин фурӯшгоҳ дар авоили соли 2011 низ бар асоси шикояти як саҳомдори асосиаш аз сӯи додгоҳи иқтисодии Душанбе барои муддате баста шуда буд.