Сухангӯи Толибон гуфт, ҳамлаҳои ҳамоҳангшудаи имрӯза дар пойтахти Афғонистонро ин гурӯҳ дар ҳамдастӣ бо гурӯҳҳои дигари чирикӣ анҷом додааст. Аз минтақаи сафоратнишини Кобул имрӯз садои шадиди чанд таркиш ва тирандозӣ шунида мешуд. Дар ин минтақа сафоратҳои ғарбӣ, қасри раёсатҷумҳурӣ ва дафтарҳои НАТО ва СММ воқеъ мебошанд. Сухангӯи Толибон гуфт, ҳадафҳои асосӣ сафоратҳои Бритониё ва Олмон ва ҳам қароргоҳи НАТО-ст. Ба бинои парлумон ҳам ҳамла шуда, ҷангиён бо нирӯҳои амниятӣ дар онҷо вориди даргирӣ шудаанд. Задухӯрдҳо дар Кобул идома дорад. Толибон масъулияти ҳамлаҳо ба Ҷалолободу Гардезро низ ба ӯҳда гирифт. Дар Ҷалолобод бар асари худро таркондани ду маргталаб дар ҳошияи фурудгоҳ чанд нафар ҷароҳат бардоштаанд.