Рӯзи ҷумъа, дар рӯзе ки раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ба хотири ширкат дар нишасти сарони кишварҳои ҳарду Амрикои шимоливу ҷанубӣ ба Колумбия омад, дар ҳошияи сафорати Амрико дар Богота маводи хурди мунфаҷира таркид. Ду таркиши дигар дар Картагена – макони нишасти сарон- рух додааст. Пулис мегӯяд, ин таркишҳо кадом хисороти молӣ ё ҷонӣ надошт. Бо ин ҳол, қабл аз сафари Обама, 12 маъмури махфии Амрикоро бо ҷурми нақзи муқаррарот барканор кардаанд. Дар нишасти дурӯзаи Картагена беш аз 30 президент ширкат мекунанд.