Шӯрои Амнияти СММ рӯзи шанбе ба қатъномае раъй медиҳад, ки истиқрори гурӯҳи аввали нозирони низомии СММ ба хотири назорати оташбаси байни нирӯҳои давлатӣ ва чирикиҳои Сурияро иҷозат хоҳад дод. Ин оташбас тибқи тарҳи фиристодаи СММ ва Лигаи Араб дар Сурия Куфӣ Аннон ба хотири хатми хунрезиҳое, ки мунҷар ба ҳалокати беш аз 9000 нафар шуд, аз рӯзи панҷшанбе ҷорӣ шудааст. Аҳмад Фавзӣ, сухангӯи Аннон гуфт, нахустин гурӯҳи нозирон, иборат аз “тақрибан 10-12 нафар” алакай омодаи парвоз аст. Вазорати хориҷаи Русия гуфт, Шӯрои Амният бар сари қатъномаи нав “амалан тавофуқ кардааст”. Маскав аз ҳарду ҷониби низоъи Сурия хост, то тарҳи сулҳи Аннонро “комилан” риоят кунанд.