Намояндагони Эрон ва 6 қудрати ҷаҳонӣ аз гурӯҳи 5+1, ки 5 узви доимии Шӯрои Амният ва Олмонро дар бар мегирад, рӯзи 14 апрел дар Истамбул ба баҳси барномаи ҳастаии Теҳрон шурӯъ мекунанд. Ин музокирот зоҳиран шонси дигарест барои рафъи гумонҳое, ки ҳадафи Эрон аз фаъолиятҳои ҳастаӣ даст ёфтан ба силоҳҳои ҳастаист. Амрико ва ИА ба далели ҳамкории нокофии Эрон бо СММ, ки дар бораи табиати барномаҳои ҳастаии Теҳрон иттилоъи бештар мехоҳад, алакай алайҳи Эрон таҳримот ҷорӣ карда, ИА феълан дар садади қатъи воридоти нафти Эрон ҳам ҳаст. Эрон исрор меварзад, ки барномаи ҳастаияш танҳо тавлиди нирӯи барқро дунбол мекунад. Аммо нозирон баъид медонанд, ки музокироти Истамбул ба пешрафти қобили мулоҳизае дар баҳси ҳастаии Эрон даст биёбад.