Намояндаи доимии Русия дар СММ ба тасвиби қатъномаи пешниҳодии Амрико бар зидди режими Башор Асад розӣ нашуд.
Эътирози Русия ба матни пешнависи қатъномае, ки Амрико дар бораи бӯҳрони Сурия ба Шӯрои амнияти Созмони Милал пешниҳод кард, боис шуд, то раъйгирӣ барои ин қатънома 24 соат ба таъвиқ уфтад.
Дар ҳамин ҳол, дар рӯзҳои аввали оташбас миёни давлат ва мухолифон дар Сурия, мӯътаризон дар манотиқи мухталиф ба тазоҳурот пардохтанд, ки бо саркӯби нерӯҳои давлатӣ мувоҷеҳ (рӯбарӯ) шуданд.
Виталий Чуркин, фиристодаи доимии Русия дар Созмони Милал, рӯзи ҷумъа (13-уми апрел) ба пешнависи қатъномае, ки Амрико бо ҳадафи эъзоми ҳайати нозирони байнулмилалӣ ба манзури назорати бардавоми оташбас ба Сурия ироа дода буд, эътироз кард.
Хабаргузории "Ройтерз" гуфтааст, Русия аз талошҳои Кофӣ Аннон барои ҳаллу фасли бӯҳрони Сурия ҷонибдорӣ мекунад, аммо дар айни ҳол тамои талоши худро барои ҳимоят аз низоми Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия дар муқобили “азми Ғарб барои тағйири он ба равиши Либия” ба кор мебарад.
Русия ва Чин пештар ду бор пешнависи қатъномаҳоеро, ки ба манзури маҳкумияти хушунати давлатӣ дар Сурия ба Шӯрои амнияти Созмони Милал ироа шуда буд, вето карда буданд.
Пешнависи ироашуда аз сӯи Амрико хостори эъзоми 30 нозири ғайримусаллаҳ ба Сурия аст. Ин пешнавис, аммо шомили вожаҳоест, ки мухолифати Русияро барангехтааст.
Пешнависи қатънома бо дархости Кофӣ Аннон ироа шуда, ки хостори эъзоми фаврии нахустин гурӯҳи нозирон аз Мозмони Милал ба Сурия мебошад. Бино бар тарҳи Аннон дар ниҳоят шумораи нозирон ба 250 нафар хоҳад расид.
Виталий Чуркин, намояндаи доимии Русия дар Созмони Милал пеш аз оғози ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ дар рӯзи ҷумъа ба хабарнигорон гуфт, “ниёз ба музокираи бештаре барои тафоҳум дорем.”