Интиқоли маҳсулоти зироаткорӣ ба Русия манъ шуд

Хадамоти назорати санитарии ҳайвонот ва набототи Русия ворид кардани маҳсулоти зироаткорӣ аз Озарбойҷон, Тоҷикистон ва Узбакистонро дар бағоҷ ё ба шакли дастовез манъ кард. Ин қарор аз 16-уми апрел ҳукми иҷро мегирад. Гуфта мешавад, афзоиши интиқоли маҳсулоти зироатӣ ба Русия дар ин шакл сабаби ин тасмим шудааст.