Кӯлобро на танҳо сел, кранҳо ҳам "таҳдид" мекунанд

Ходимони беморхонаи вилоятии Кӯлоб ҳамсоягии крани кӯҳнаи борбардорро дар паҳлӯи беморхона барои беморону раҳгузарон хатарнок медонанд.
Ин борбардор охири солҳои 80-уми асри гузашта ба хотири бунёди сохтмонҳои баландошёна дар ин маҳал насб шуда буд. Бо суқути шӯравӣ рисолати ин крани борбардор ба поён расид ва он акнун ҳамчун ёде аз шӯравӣ дар маркази шаҳр реша давондааст, аммо сол то сол ба сӯи замин майл мекунад.

Файзалӣ Сафаров, ҷонишин сардухтури беморхонаи мазкур оид ба ҳолатҳои фавқулодда мегӯяд, хатари ин борбардор рӯз то рӯз бештар мешавад ва агар худое накарда сарозер шавад, оқибаташ ногувор хоҳад буд.

«Дар вақтҳое, ки шамол мешавад, ин кран худ ба худ тоб мехӯрад ва қариб, ки ба шифти беморхона мерасад. Худо накарда чаппа шавад, ба беморхона, дорухонаҳои дохилӣ он ва ба атрофи он зарари сахт хоҳад расонид. Рӯз то рӯз он хавфноктар мешавад. Илова бар ин, кӯдакони маҳаллаи Борбад омада дар болояш бозӣ мекунанд. Афтидани кӯдакон низ мумкин аст ва ҳам афтидани худи кран. Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ, агар онро аз ин ҷо нагиранд, дигар Худо нигаҳ дорад.»

Масъулони беморхонаи вилоятӣ мегӯянд, "аз рӯи ин кран", борҳо ба идораҳои дахлдор шикоят бурдаанд, аммо ҳеҷ нест, ки ин азимҷуссаро аз паҳлӯи бемористон ба ҷойи дигар кӯч диҳанд.

Ин крани зангзада дар паҳлӯи бузургтарин беморхонаи Кӯлоб ягона ягонаи муҷассамаи хатарнок нест. Дар маҳаллаи 9-ум, маҳаллаи Хати роҳ ва чанд маҳаллаи дигари шаҳри Кӯлоб дар маҷмӯъ беш аз даҳ борбардор аз шӯравӣ ва биноҳои нотамом мерос мондааст, ки ҳар кадоме аз 10 то 20 метр баландӣ доранд.

Танҳо сокинони маҳаллаи 9-ум пас аз талошҳои зиёд муваффақ шуданд, ки яке аз чунин борбардорҳоро ба замин хобонанд ва аз хатари афтодани он дар амон бошанд.

Қутосбӣ Азимова, сокини маҳаллаи нуҳуми шаҳри Кӯлоб мегӯяд, ин борбардор аз соли 90-уми асри гузашта то ҳол дар инҷо ва дар ин муддат ду кӯдак аз болои он афтида ҳалок шудаанд: «Ягон нафар барои бартараф кардани он ба мо кӯмак накард. Ҳатто пас аз оне, ки 2 кӯдак афтода, ҳалок шуд, мо ба ҳукумати шаҳр муроҷиат кардем, ин кранро нагирифтанд. Бо чӣ азобҳое мардони ин маҳалла кранро ба тарафи бехатар чаппа карданд, мо медонему Худо.»

Бибиҷон Каримова, сокини дигари маҳаллаи 9-ум, ки борбардори дигар дар назди бинои онҳо боқӣ мондааст, мегӯяд, даҳсолаҳост, ки бо тарсу ҳарос ба сар мебаранд.
«Хоҳиши мо ҳамин аст, ки ҳар чи зудтар инро аз назди ошёнаи мо баранд. Мо то чанд кӯдаконамонро нигаҳ мекунем, ки зеру болои он нараванд. Аз соли ҳаштодучанд ҳамин аҳволро дорем. Намедонем, ки ин кран аз кӣ ҳаст. Касе бурданашро ба ӯҳда намегирад.»

Дар Кумитаи амволи шаҳри Кӯлоб натавонистанд ба мо шарҳ диҳанд, ки ин кранҳо молӣ кӣ ҳастанд ва масъулияти онҳо бар дӯши кист?



Масъулини Ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Кӯлоб мегӯянд, ки ба манзури берун бурдани кранҳо аз маҳаллаҳои аҳолинишин аз номи сокинон номаҳо дарёфт кардаанд. Аммо техникаву таҷҳизоте надоранд, ки ин корро анҷом диҳанд.

Аксари ин борбардорҳоро ба таври осону бо техникаҳои оддӣ барканда намешавад. Аммо то пайдо кардани усулҳои нав баркандани ин борбардорҳо сокинон ва беморону пизишкони бузургтарин беморхонаи Кӯлоб бо хатар ва тарсу ҳарос басар мебаранд.