80 шаллоқ ба хотири нӯшидани машруботи алкоҳолӣ

Додгоҳи вилояти шимолии Бағлони Афғонистон як ҷавони 20-соларо ба хотири нӯшидани алкоҳол ба 80 шаллоқ маҳкум кардааст. Ин муҷозот рӯзи чоршанбе дар рӯ ба рӯи додгоҳи шаҳри Пули Хумрӣ иҷро шудааст.
Дини ислом нӯшидани машруботи алкоҳолиро манъ мекунад. Дар Афғонистон қонунҳо бар пояи шариат таҳия шудаанд ва нӯшидани машрубот ҷурм ба шумор меравад.