Дар бинои Китобхонаи нави миллии Тоҷикистон "Гӯшаи фарҳангии Амрико" ташкил дода шуд. Маросими ифтитоҳи ин марказ имрӯз, 12-уми апрел, бо ширкати сафири Амрико ва дар ҳузури ҷамъе аз фарҳангиёни тоҷик баргузор шуд.
Носирҷон Салимов, раиси Китобхонаи миллии Тоҷикистон гуфт, ташкили ин гуна марказҳои фарҳангӣ як навъ "пули иртиботӣ" миёни Тоҷикистон бо ин кишварҳо хоҳад шуд.
Ин гӯшаи фарҳангӣ аз тарафи Амрико бо васоили нави фанноварӣ муҷаҳҳаз шуда ва дар он маълумоти гуногун дар бораи ин кишвар ҳам дар шакли электронӣ ва ҳам дар шакли чопӣ фароҳам шудааст. Гӯшаи фарҳангии Амрико бо шабакаи ҷаҳонии Интернет васл аст ва истифода аз маводу матолиби он ройгон мебошад.
Кеннет Гросс, сафири Амрико дар Тоҷикистон, ки дар ин маросим бо забони тоҷикӣ сӯҳбат мекард, ифтитоҳи ин гӯшаи фарҳангиро "намунаи равобити хуби Тоҷикистон бо Амрико" арзёбӣ намуд.
Дар зимн, гӯшаи фарҳангии Амрико дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон шашумин маркази фарҳангии ин кишвар аст. Нахустини гӯшаи фарҳангии Амрико дар соли 2005 дар бинои Академия (Фарҳангистон)-и улуми Тоҷикистон ташкил ёфта буд.