Эрон содироти нафт ба Олмонро қатъ кард

Телевизиони эронии Press TV мегӯяд, Эрон содироти нафт ба Олмонро қатъ кардааст. Теҳрон рӯзе пеш фурӯши нафт ба Испанияро низ бас карда буд. Бино ба ин манбаъ, иқдоми Теҳрон дар посух ба таҳрими ИА-аст, ки воридоти нафти Эронро аз моҳи июл манъ мекунад. Эрон то ҳол фурӯши нафт ба Фаронсаву Бритониё ва Юнонро ҳам бас карда мегӯяд, акнун дар қиболи Итолиё тасмим хоҳад гирифт. Эрон ҳамчунин қасд доштааст, дар посух ба таҳримоти ИА воридот аз 100 ширкати аврупоиро манъ кунад. ИА ба маҳзи барномаи баҳсбарангези ҳастаии Эрон алайҳи ин кишвар таҳримот ҷорӣ кардааст. Ғарб мегӯяд, ҳадафи Эрон сохтани силоҳҳои ҳастаист. Эрон инро радд мекунад.