Маҳбубияти "Фейсбук" коҳиш ёфтааст?

Теъдоди корбарони «Фейсбук» дар Тоҷикистон тайи як моҳи ахир то 2 ҳазор нафар коҳиш ёфтааст.
Бино ба омори манобеи интернетӣ, дар ҳоли ҳозир беш аз 32 ҳазор нафар, 0, 43% дарсади аҳолӣ ва 4,6% аз истифодабарандагони интернет, шомили ин шабакаи иҷтимоӣ ҳастанд. Моҳи март ин рақам ба 34 ҳазор нафар мерасид.

Бино ба иттилои Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир 25% дарсад ва аз рӯи маълумоти ғайрирасмӣ, 35% - и аҳолии кишвар ба интернет дастрасӣ доранд.

Даврони афзоиши истифодабарандагони "Фейсбук" дар Тоҷикистон ба якуним соли ахир, пас аз ҳаводиси ҷаҳони араб рост меояд, ки бино ба манобеи интернетӣ, қариб 60 дарсадро ташкил медиҳад. Дар ҳоли ҳозир, 70 дарсади истифодабарандагони «Фейсбук» мардон ва бақияро занон ташкил медиҳанд. 37 дарсад ҷавон ва бақия одамони синну соли гуногун ҳастанд.

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон 3-юми марти соли 2012 соли равон бо як дастур аз ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон хост, ки як қатор сомонаҳо - Zvezda.ru, Tjknews.com, Maxala.org ва дар баробари онҳо шабакаи Фейсбукро банданд.

Ин иқдом танқидҳоеро аз тарафи Иттиҳоди Аврупо, Иёлоти Муттаҳида, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) ва ниҳодҳои дигари озодии баён ва ҳуқуқи инсон ба бор овард. Дар посух Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) Нуриддин Шамсов иқдоми мазкурро ба “таъмини амнияти миллӣ ва эътидол" ва ҳамчунин нақши давлат дар "ҳимоят аз фазои миллии иттилоотӣ ва дар мубориза бо ҷиноятҳои кибернетӣ” бастагӣ дод.

9-уми март «Фейсбук» фаъол шуд, аммо сомонаҳои дигар баста монданд.

Интернет барои Шумо: манбаи хабар, ошноӣ ё...?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Интернет барои Шумо: манбаъи хабар, ошноӣ ё...?