Ҳ.Неъмат: "Дар Самарқанд танҳо 3 мактаби тоҷикӣ монд"

Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ

Мусоҳибаи ихтисосии хабарнигори радиои “Озодӣ” бо шоир ва донишманди маъруфи тоҷик, Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ.
Баъд аз касби истиқлоли кишварҳои Шӯравӣ равобит байни онҳо бо мушкил рӯбарӯ шуд, аз ҷумла миёни Тоҷикистону Узбакистон. Аз шоири тоҷик дар Самарқанд, Ҳаёт Неъмат, ки солҳо Маркази фарҳангии тоҷикон дар ин шаҳрро роҳбарӣ карда ва ҳоло барои муддати кӯтоҳе ба Душанбе омадааст, пурсидем, вазъи фарҳанг ва маорифи тоҷикони ин шаҳр чӣ гуна аст?

Мактаби тоҷикиро дар бастаанд...

Ҳаёт Неъмат: "Он мактабҳои тоҷикие, ки дар замони Шӯравӣ амал мекарданд, дар замони истиқлол ҳама баста шуданд. Танҳо се мактаб боқӣ мондааст, ки аз синфи як то синфи нӯҳ яктоӣ синфи тоҷикӣ доранд. Дар деҳаи Хоҷа Аҳрори Валӣ, ки дар наздикии шаҳр ҷойгир шудааст, миёни мактаб ва ҳавлии ман 200 метр масофа ҳаст. Пеш он мактаб 80 синфи тоҷикӣ дошт ва дар Узбакистон аз мактабҳои бузургтарин ба ҳисоб мерафт. Ягон мактаб ин қадар мутахассис тарбият ва ба камол нарасонидааст. Аз ин мактаб чандин математику физику химикҳои шинохта ва профессорҳо сабақ гирифта ва ҳоло дар соҳаҳои гуногун фаъолият мекунанд. Нависанда Адаш Истад ҳамин мактабро хондааст. Аммо ҳозир ҳамагӣ нӯҳ синф дорад ва талабҳояш ҳам аз 15-20 нафар беш нест."

Радиои Озодӣ: Китобҳои дарсӣ кифоят мекунад?

Ҳаёт Неъмат: "Вақте мактаб нашуд, китоби дарсӣ ба кӣ даркор?

Маркази фарҳангии бе ному нишон

Радиои Озодӣ: Созмонҳои фарҳангии тоҷикӣ ҳам фаъолият мекунанд?

Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ

Ҳаёт Неъмат: "Ҳозир нест. Маркази фарҳангии тоҷикон пештар амал мекард. Ман 15 сол раиси он будам. Мардум онро мешинохту меомад. Пас аз он ки маро хонабанд (ҳабси хонагӣ) карданд, нафари худашонро раис таъйин намуданд. Вақте ягон маросими ба истилоҳ интернатсионалӣ (байнулмилалӣ) баргузор шавад, танҳо ҳамон вақт аз он ёдовар мешаванд ва мегӯянд, мо мардуми тоҷик осудаву ором инҷо зиндагӣ мекунем ва бо ҳамин тамом ва дигар аз он марказ хабари дигаре боқӣ намондааст."

Аз "Овози Самарқанд" то "Овози тоҷик"

Радиои Озодӣ: Дар Самарқад нашрияе ҳам бо забони тоҷикӣ чоп мешавад?

Ҳаёт Неъмат: "Бале, “Овози Самарқанд” чоп мешавад. Ҳафтае ду маротиба рӯи чоп меояд ва як рӯзномаи дигар ҳаст бо номи “Овози тоҷик”, ки он дар шаҳри Тошканд ба нашр мерасад. Лекин теъдодаш аз 3-4 ҳазор боло нест."

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Самарқанд, мактабҳои тоҷикӣ... Дар сӯҳбати Ҳаёт Неъмат



Радиои Озодӣ: Ҳозир бо фарҳангиёни тоҷики муқими шаҳри Самарқанд ягон маҳфилҳое ҳам баргузор мешаванд, дар бораи забону адабиёт...

Ҳаёт Неъмат: "Не, ҳозир ҳеҷ чунин маҳфиле баргузор намешавад. Ягона нафаре, ки баъзан рӯзҳои шанбе назди ман меояд ин Садрӣ Саъдиев аст. Дигарон ҳам баъзан меоянд. Адаш Истад ҳозир бемор аст, гирифтори қариб 10-12 намуди беморӣ аст. Саломатиаш хуб нест аз ҳамин хотир дер-дер мо якдигарро мебинем."

Радиои Озодӣ: Зиндагиашон (манзур Адаш Истад) чӣ тавр аст?

Ҳаёт Неъмат: "Ба мисли ҳама. Ӯ ҳатто маошу нафақа ҳам намегирад, чунки дар Узбакистон кор накардааст. Мутаассифона, ӯ на шаҳрванди Узбакистон аст, на Тоҷикистон."

"Макру фитнаи сиёсатмадорон"

Радиои Озодӣ: Баҳси миёни Тоҷикистону Узбакистон дар бораи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ва дар бораи зарари экологии ширкати Талко то андозае миёни мардум як хусумат эҷод кардааст. Дар Самарқанд вазъ дар ин бора чӣ тавр аст?

Ҳаёт Неъмат: "Мардум ба ин кор надорад, ин кори сиёсатмадорон аст. Мардуми боақл инро хуб медонанд. Масалан Узбакистон “Сирдарё ГРЭС” сохт, ҳеҷ куҷоро об зер накард, вазъи экологии ҳеҷ куҷо бад нашуд. Русҳо "ДнепроГЭС" сохтанд, ҳеҷ куҷо вайрон нашуд. Ин фақат макру фитнаи сиёсатмадорон аст."

Радиои Озодӣ: Манзурам ин буд, ки миёни тоҷикон ва узбакҳои Самарқанд ягон бадбинӣ ба вуҷуд наомад?

Ҳаёт Неъмат: "Не, ин хел корҳо нашудааст. Ин баҳсҳо байни мардум нест. Мардум ба он эътибор намедиҳад."

"...бо душманон мадоро"

Радиои Озодӣ: Пас аз пошхӯрии СССР, ки дигар ҳама ҷамоҳири аъзои он истиқлоли худро эълон кард, миёни баъзе давлатҳо рафтуо мушкил шуд, миёни Тоҷикистону Узбакистон низоми раводид ҷорӣ гардид. Аз ин ҳама тағйирот мушкили мардум зиёд шуд. Фикр мекунед, роҳи халосӣ дар чист?

Ҳаёт Неъмат: "Ҳофиз мегӯяд, “Бо дӯстон мурувват, бо душманон мадоро...” Мадоро кардан даркор. Дар Тоҷикистон узбакони зиёд зиндагӣ мекунад. Ман, вақте маросими таҷлили ҷашни 60-солагии вилояти Суғд баргузор шуд, дар ноҳияи Нов (Спитамени имрӯза) будам. Қосим Роҳбарович, раиси онвақтаи вилоят гуфтанд, ки Шумо ба ноҳияи Нов (Спитамен) меравед. Шӯхиомез гуфтам, боз назди узбакон мебаред. Гуфтанд, ки Шумо психологияи онҳоро хуб медонед ва аз ҳамин хотир аст, ки маҳз аз Шумо чунин хоҳиш карда шуд. Мактабҳои узбакӣ дар Нову дар Пролетар (Ҷаббор Расулов) дар Қӯрғонтеппа ва дар Конибодом амал мекунанд. Бачаҳо озод мехонанд. Ин як тарафи хуби сиёсати давлати Тоҷикистон аст. Масалан, ман дар Тоҷикистон зиндагӣ накардам, кор накардам, аммо як иқдоми хубе аз тарафи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон сурат гирифт, ки наздики даҳ нафарро аз Самарқанд ба узвият қабул кард. Ин кори хайр аст, ки робита пайдо шавад. Аммо ҷониби Узбакистон чунин намекунад. Мо тоҷикон омада инҷо маҷлисҳо мекунем, сӯҳбатҳо мекунем, аммо узбакони инҷо рафта онҷо чунин нишастҳо баргузор намекунанд, чунки онҳо ҷалб намешаванд."

ТАРСИ ФАРҲАНГИЁН АЗ ЧИСТ?

Радиои Озодӣ: Ҳоло чаро он робитаву ҳамкорие, ки байни ин ду мардум буд, масалан аз Ҷомиву Навоӣ, Айниву Ҳамза Ҳакимзода гирифта то Мирзо Турсунзодаву Ғафур Ғулом ҳоло аз байн рафтааст ва гоҳ-гоҳе, ки Шумо меоед, бо ибтикори худ ин сафарҳоро анҷом медиҳед?

Ҳаёт Неъмат: "Чунки ин тоифа сахт дар банди андешаанд. Андешаи зиёд нишонаи тарс аст. Агар онҳо робита барқарор кунанд, сиёсатмадорон, ҳукуматдорон онҳоро зери тазъиқ қарор медиҳанд. Барои ҳамин имрӯз ин робита канда шудааст. Аммо, масалан, ман дар Узбакистон бо адибон, бо сарояндаҳои узбак ҳамкории хуб дорам. Ба назди ман меоянд. Агар сарояндае суруди тоҷикӣ хонданист, барои дурустии талаффузи калимаҳо маслиҳат мепурсад. Ҳар ду моҳ як бор Тошканд меравам, дар онҷо низ шоиронашон ҳам меоянду навиштаҳои худро нишон медиҳанд, хоҳиш мекунанд, ки таҳрир намоям. Ба ҳар сурат, худи ман робитаи хуб дорам. Эркин Воҳидов, яке аз адибони маъруфи Узбакистон дар бораи ман як мақолаи хуб навишта маро “пули миллатҳо” ном дод. Гуфт, ки Шумо ду миллатро ба ҳам пайваст мекунед."

Дар бораи роҳу гумрук

Радиои Озодӣ: Устод гуфтед, ки аз тариқи Тошканду Хуҷанд ба Душанбе омадед, чаро аз роҳи Қашқадарё ва Турсунзода наомадед?

Ҳаёт Неъмат: "Зеро аз тариқи Қашқадарё омадан барои ман мушкил аст. Чунки аз ағба гузаштан даркор, ҳашт соат дар мошин нишастан даркор. Худи роҳ ҳам хароб аст. Ин тараф бошад, сабуктар аст. Аз Тошканд ман мустақим ба Ойбек меравам. Соли гузашта дар бемористони Қарияи болои шаҳри Душанбе бистарӣ будам. Ҷонишини вазири тандурустӣ Соҳибназар Раҳмонов ба ман тавсия доданд, ки дар истироҳатгоҳи беморхонаи шаҳри Хуҷанд дам гирам. Онҷо ду ҳафта истодаму баъд тариқи гумрук ба шаҳри Ойбек даромадам. Вақте гумруки Ойбекро убур мекардам, корманди гумрук шиносномаи маро ба даст гирифту гуфт, "устод Ҳаёт Неъматович Шумо?" Гуфтам, бале. Баъд ӯ гуфт, ман як китоби Шумо “Тарҷумаи ғазалиёти Саъдӣ”-ро аз бозори шаҳри Тошканд харидам. Баъд рафиқони ҳамкорашро наздаш хонда гуфт, ки устодро то пеши мошин баред. Ман ҳамроҳам 50 китоб доштам, аз ман ягон чиз нагирифтанд. Ӯ боз илова кард, ки агар ҳар вақте аз Тоҷикистон меоед бо ҳамин роҳ биёед. Рақами телефонашро ҳам дод. Ҳоло ҳар боре, ки онҷоро убур кардани ман лозим шавад, ба ӯ занг мезанам ва дар рӯзи кории ӯ мегузарам."

Узви Иттиҳодияи адибони Тоҷикистон

Радиои Озодӣ: Чанд рӯз аст, ки дар Тоҷикистон ҳастед, ягон нафар аз дӯстон аз Иттифоқи нависандагон омаданд, то Шуморо хабар бигаранд?

Ҳаёт Неъмат: "Бале, ҳама медонанд, ки дар Душанбе ҳастам. Баъзе дӯстон омаданд. Дар маросими наврӯзии баргузоркардаи шоири тоҷики Афғонистон Латифи Пидром ширкат доштам ва хеле аз дӯстонро дар онҷо дидам."

Радиои Озодӣ: Шумо иродаи қавӣ доред, устод. Бо онки дардмандед, вале тавонистед, ки соҳиби маълумоти олӣ бишавед...

Ҳаёт Неъмат: "Соли 1977, соле қабл аз ҷашни садсолагии устод Айнӣ, Камол Айнӣ ба манзили мо омаданду ба ман гуфтанд, ки “Ҳаётҷон намешавад, ки диплом гирӣ?” Ҳуҷҷатҳои маро модарам оварданду ба он кас доданд. Камол ҳамроҳи декани факултет ба хонаи мо омада буд. Бо тавсияи онҳо ба Донишгоҳи омӯзгории Самарқанд, ки номи устод Айниро дошт, қабул шудам ва онро хатм кардам. Аз соли 2000-ум ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон қабул шудам, бидуни нашри китоб. Дар Иттифоқ ду нафар бе китоб узвиятро ба даст овардаанд, яке Лоиқ ва дигаре ман."