Теҳрон розӣ шуд, ки музокирот дар Туркия анҷом гирад

Теҳрон розӣ шудааст, ки 14 апрел бо кишварҳои абарқудрати ҷаҳон дар Истамбули Туркия даври нави музокироти ҳастаӣ оғоз ёбад. Музокироти 5 бар иловаи 1, ки ба он Британияву Чин, Фаронсаву Олмон ва Русияву Амрико дохил мешаванд, мехоҳад мухолифатҳо бар сари барномаҳои ҳастаии Иронро ҳал кунад.
Дар ибтидо Эрон розӣ шуд, ки музокирот дар Туркия баргузор шавад, вале баъдтар тасмими худро тағир дод ва гуфт, ки Туркия аз мухолифони давлати Сурия ҳимоят мекунад ва Сурия муттаффиқи Эрон аст. Бо назардошти ин Эрон пешниҳод кард, ки ин музокирот дар Бағдод-пойтахти Ироқ баргузор шавад. Вале рӯзи душанбе Шӯрои олии амнияти миллии Эрон дар изҳороти худ гуфт, ки даври аввали музокирот 14 апрел дар Истамбул баргузор мешавад.