Ваҳдати назари раҳбарони Ҳинду Покистон

Президенти Покистон Осифалии Зардорӣ ва нухуствазири Ҳинд Манмуҳан Сингҳ дар музокираҳои рӯзи якшанбе ба тавофуқ расиданд, ки ду кишвар бояд як стратегияи “қадам ба қадаме” дар заминаи ҳалли мухолифатҳои миёни ду давлат дошта бошанд. Раҳбарон гуфтанд, ки гуфтугӯи онҳо дар фазои дӯстонаву корсоз анҷом шуд. Сингҳ гуфт, ки даъвати Зардориро барои боздид аз Покистон пазируфтааст. Зардорӣ бо як сафари ғайрирасмӣ дар ҳафт соли охир аз Ҳинд боздид мекунад. Ва вуҷуди ин ки мақомот сафари Зардориро як саёҳати “хусусӣ” унвон карданд, ин иқдоми ӯ умедҳоеро дар амри ҳалли мушкилот дар равобити ду ҳамсоякишвар бедор мекунад. Ихтилофи назарҳои ду кишвар ба масоили марбут ба вилояти баҳсбарангези Кашмир ва фаъолиятҳои ҷангҷӯёни покистонӣ алайҳи давлати Ҳинд бармехӯрад. Айни замон, нозирон чандон хушбин нестанд, ки сафари Зардорӣ тавонад дар ин масоил ба пешрафте даст ёбад.