Дар Ироқ як шабакаи ал Қоида дар ҳам шикаст

Пулиси Ироқ мегӯяд, онҳо як гурӯҳи террористиро дарҳам шикастаанд, ки бо Ал Қоида иртибот доштааст. Ба гуфтаи пулис, ин гурӯҳи 25 нафарӣ ба Ансор ал Ислом итоат мекардааст ва дар Бағдод-пойтахти Ироқ дар муассисаҳои табодули пул ба дуздӣ машғул будааст. Ансор ал Ислом дар гузашта таҳдид карда буд, ки ба ҳар раҳбар ё соҳибкоре, ки бо мулоқоти раҳбарони кишварҳои Ҷомеаи Араб ҳамкорӣ мекунад, ҳамла мебарад. Ин мулоқот моҳи гузашта баргузор гардид ва тақрибан халалдор нашуд.