Дар Душанбе пайдо шудани Низомхон Ҷӯраев, ки дар Русия "ғайб" зада буд, мақомоту наздиконашро ба ҳайрат овардааст.
Нозирҷон Бӯриев, сухангӯи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, Низомхон Ҷӯраев худаш ба ин ниҳод омада, ариза навиштааст: «Бале, ин ҳайратовар аст, аммо ҳақиқат чунин аст. Ҳар чизе, ки ӯ дар телевизион изҳор дошт, бешубҳа сад дар сад иқрори худи ӯст. Ин «явка с повинной», яъне ба гуноҳи худ иқрор шуда, омада ба мақомот ариза навиштан аст.»
Низомхон Ҷӯраев, вакили собиқи маҷлиси вилояти Суғд ва раиси Корхонаи кимиёи Исфара, аз соли 2007 ба ин сӯ таҳти пайгарди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон буд. Ӯ баъди раҳоӣ аз боздоштгоҳ дар Русия, рӯзи 29-уми март дар Маскав ғайб зад, вале шоми 7-уми апрел дар телевизиони давлатии «Ҷаҳоннамо» зоҳир шуд.
Ӯ изҳор дошт, ки рӯзи 29-уми март аз боздоштгоҳи муваққатие дар Маскав озод шуд ва дар бозоре аз як тоҷик 15 ҳазор рубли русӣ, муодили 500 доллар гирифта, тариқи Оренбурги Русия ба Алмаатои Қазоқистон ва Бишкеку Ӯши Қирғизистон ба деҳаи Қистакӯзи вилояти Суғд ва аз он ҷо ба Душанбе, мустақим ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон омада, худро таслим кард.
Хешовандонаш бо тааҷҷуб аз изҳороти ӯ мегӯянд, агар бо мошин аз Қирғизистон ба Тоҷикистон омадааст, пас чаро сарироҳ ба ноҳияи Исфара надаромад, ки модари 78-сола ва ду хоҳарашро аёдат кунад, балки мустақим ба Душанбе рафт?
Иноятхон, яке аз ду хоҳари ӯ мегӯяд, бародарашро пас аз чанд сол бори аввал дар телевизиони давлатӣ дид: «Мо ҳоло телевизор ҳам намемонем, то модарамон хабар наёбад. Модарам хабар надоранд. Он кас фикр мекунанд, ки додарам ҳанӯз дар Маскав аст. Дилашон касал. Хавф дорем.»
То ҳол нафаре аз сӯи мақомот ё наздикони Низомхон Ҷӯраев, вакили дифои ӯ дар Душанбе муаррифӣ нашудааст. Аммо, Анна Ставитская, вакили дифои ӯ дар Маскав изҳороти нафари таҳти ҳимояташро дар Тоҷикистон ғайримантиқӣ хонд. Вай гуфт, Ҷӯраев якуним сол барои истирдод нашудан мубориза бурда буд ва гузашта аз ин, ӯ метавонист ба наздикон, вакили дифоъ ва рӯзноманигорон хабар диҳад, ки мехоҳад ихтиёрӣ ба Тоҷикистон бозгардад:
«Аммо ин ҳама ҷой надошт. Ӯ ҳатто метавонист тариқи ҳамроҳонаш дар боздоштгоҳ ба ману хешовандонаш хабар диҳад, ки ӯро фавран озод мекунанду мо омада, ӯро пешвоз гирем. Ин ҳама шаҳодати он аст, ки ӯ ихтиёрӣ ба Душанбе нарафтааст. Дигар ин ки чӣ тавр як нафар метавонад бидуни шиноснома қаламрави чор кишварро убур кунад? Ман ба изҳороти ӯ бовар надорам. Афсӯс мехӯрам, ки чунин усулҳои истирдод дар ҷаҳони муосир вуҷуд доранд.»
Дар гузашта Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо аз Русия хоста буд, ки Низомхон Ҷӯраевро ба Тоҷикистон истирдод накунад. Рӯзи 30-юми март Додгоҳи Аврупо аз ғайб задан ва эҳтимоли ба Душанбе истирдод шудани Низомхон Ҷӯраев ба Русия номаи фаврӣ фиристода, тақозо карда буд, ки то 2-ми апрел вазъро шарҳ диҳад.
Низомхон Ҷӯраевро мақомоти Тоҷикистон ба ҷиноятҳои мухталиф, аз ҷумла тақаллуби санадҳо, саркашӣ аз пардохти андоз, расмӣ кардани маблағҳои ғайриқонунӣ, аз худ кардани амволи давлатӣ ва даст доштан дар куштори Толибҷон Бобоев, муовини пешини Додситони кулли Тоҷикистон муттаҳам мекунанд.