Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми истирдоди Низомхон Ҷӯраев


Додгоҳи шаҳри Маскав ба дархости Тоҷикистон дар мавриди истирдоди Низомхон Ҷӯраев посухи мусбат дод.

Ба ин тартиб додгоҳи Русия қарори Додситонии кулли ин кишварро барои истирдод дуруст шуморид.
Бархе аз огоҳони қазия, иллати ҷинояткор эълон шудани Низомхон Ҷӯраевро ба фаъолиятиҳои тиҷоратии ӯ марбут медонанд...


Низомхон Ҷӯраев дар моҳи августи соли гузашта бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар шаҳри Маскав боздошт гардид. Ҳамон вақт ӯ хостори паноҳандагии сиёсӣ дар Русия шуд.

Ҳоло Ҷӯраев мехоҳад, аз рӯи ин ҳукми Додгоҳи шаҳри Маскав ба Додгоҳи Олии Русия шикоят кунад.

Як моҳ пеш аз ин, Созмони Авфи Байналмилал аз эҳтимоли истирдоди Низомхон Ҷӯраев аз Маскав ба Душанбе нигаронӣ карда буд.

Ин созмон дар як баёнияе гуфта буд, ки дар сурати истирдоди Низомхон Ҷӯраев, собиқ вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва раҳбари пешини корхонаи кимиёи Исфара ба Тоҷикистон, ӯ мавриди шиканҷа ва бархӯрди номуносиби мақомот қарор хоҳад гирифт.

Мақомоти Тоҷикистон Низомхон Ҷӯраев, раҳбари пешини корхонаи кимиёи ноҳияи Исфара, воқеъ дар шимоли Тоҷикистонро ба иттиҳоми сирқати маблағҳои давлатӣ, ташкили гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ, сарпечӣ аз пардохти андоз ва дар қатли Толиб Бобоев, собиқ муовини аввали Додситонии кулли Тоҷикистон дар соли 1999, айбдор мекунанд.

Дар соли гузашта Додгоҳи олии Тоҷикистон баррасии парвандаи маъруф ба "исфарагиҳо"-ро ба поён расонида буд, ки яке аз афроди мазнун дар ин қазия Низомхон Ҷӯраев дониста мешуд.

Вале натиҷаи ин муҳокима боис ба бурузи ихтилоф миёни ниҳодҳои тафтишотии Тоҷикистон шуд ва ба гуфтаи бархе аз коршиносон як далели барканории Бобоҷон Бобохонов, собиқ додситони кулли Тоҷикистон, ки аз ҳукми додгоҳ дар иртибот ба ин қазия норозӣ буд, маҳз парвандаи "исфарагиҳо" будааст.

Бархе аз огоҳони қазия, иллати ҷинояткор эълон шудани Низомхон Ҷӯраевро ба фаъолиятиҳои тиҷоратии ӯ марбут медонанд. Зеро ба гуфтаи онҳо, баъд аз фирори ӯ ҳарду корхонае, ки дар ноҳияи Исфара роҳбарӣ мекард ба ихтиёри дигарон гузаштааст.
XS
SM
MD
LG