Як ҳавопаймои ҷангии Амрико суқут кард

Бар асари суқути як ҳавопаймои ҷангии Амрико дар болои як бинои истиқоматӣ дар аёлати Вирҷиния, дасти кам 6 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Халабонҳои ҳавопаймои F-18 қабл аз суқут худро берун андохта ва зинда мондаанд. Марк Виесгербер, капитани нерӯҳои дарёии Амрико, гуфт, “нуқси фалокатбори фаннӣ” сабаби суқут шудааст:" Мо таъйид мекунем, ки ҳавопаймои F-18 Delta дар болои як маҷмаъи истиқоматӣ суқут кард. Панҷ бино бар асари оташсӯзӣ осеби зиёд дидаанд. Ҳар бино чаҳор хонагӣ доранд. Доир ба осеб дидани касе дар маҳал гузориш надорем. Халабонҳо беосеб худро берун афканданд ва онҳоро бо захмҳои сабуке ба бемористони маҳаллӣ бурданд." Бино ба гузоришҳо, қабл аз суқути ҳавопаймо маводи сӯхти он берун мерехт, ки ё ба хотири ҷилавгирӣ аз таркиши азим халабонҳо худашон кардаанд, ё бар асари нуқс худаш рехтааст. Маҳалле, ки ҳавопаймо суқут кард, дар наздикии чанд пойгоҳи низомии Амрико ҷойгир шудааст.