Нишасти вазирони хориҷаи пасошӯравӣ дар Остона

Фурудгоҳи Остона

Имрӯз дар Остона нишасти вазирони хориҷаи СНГ доир мешавад. Дар пойтахти Қазоқистон баргузории нишасти вузарои дифоъи пасошӯравӣ дар чаҳорчӯби Паймони амнияти дастаҷамъӣ низ дар назар дошта шудааст. Вазири хориҷаи Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ барои ширкат дар ин нишаст ба Остона рафтааст. Ин ҳамоишҳо дар ҳолест, ки равобити Тоҷикистону Узбакистон вориди як марҳалаи навбатии танишҳо шудааст. Вале зоҳиран дар Остона ин мавзӯъ баҳс нахоҳад шуд.