Озарбойҷон дар Душанбе полоишгоҳи нафт месозад

Тоҷикистон хостори бунёди корхонаҳои коркарди маҳсулоти нафтӣ аз сӯи ширкати SOCAR-и Озарбойҷон шудааст.
Зайниддин Мӯъминов, як масъули Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ин хабарро дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард. Ӯ гуфт, ин мавзӯъ дар нахустин ҳамоиши кумиссиюни байниҳукуматии Тоҷикистону Озарбойҷон матраҳ шудааст. Ба қавли Мӯъминов, чанд ширкати озарӣ барои сармоягузорӣ дар бахши коркарди нафт дар Тоҷикистон изҳори омодагӣ кардаанд.

"Бо кишварҳое, ки дар бахши нафту дигар маводи сӯхт ҳамкорӣ дорем, пешниҳод мекунем, ки мо ба сохтмони корхонаи коркарди нафту дигар маводи сӯхт ниёз дорем, марҳамат, биёянд. Ҳукумати Тоҷикистон дар ҷаласаи кумиссиюни байниҳукуматии Тоҷикистону Озарбойҷон чунин пешниҳод кард, ки соҳибкорони озарӣ биёянд ва дар риштаи коркарди нафт сармоягузорӣ кунанд",-илова кард ӯ.

Бино бар иттилои расонаҳои Озарбойҷон пешниҳоди Тоҷикистон дар мавриди бунёди як корхонаи коркарди нафт аз сӯи ширкати SOCAR ҳоло мавриди баррасӣ қарор дорад. Таҳлилгарони тоҷик иқдом барои бунёди як корхонаи коркарди маҳсулоти нафтӣ дар Тоҷикистонро муҳиму саривақтӣ мешуморанд. Вале Зуҳур Зуҳуров, коршиноси масоили захоири табиӣ, мегӯяд, дар ин бахш бояд мақомот ҳарчӣ зудтар аз ҳарф ба амал гузаранд.

SOCAR ширкати бузурги давлатии Озарбойҷон дар риштаи истихроҷ ва коркарди нафту газ аст, ки дар кафшу истихроҷи нафти кишварҳои бисёре иштирок мекунад. Соли гузашта ширкати SOCAR барномаи бештар аз 20 милллиард долларии сармоягузорӣ дар бахши истихроҷи нафту газ дар хориҷ аз Озарбойҷонро ба тасвиб расондааст.

Хабари дархости Тоҷикистон аз ширкати SOCAR барои таъсиси корхонаи коркарди маҳсулоти нафтӣ дар ҳоле "рӯи об мебарояд", ки Тоҷикистон дар рӯбарӯи мушкили энержӣ дар бахши нафту газ қарор дорад. Русия, ки содиркунанди аслии маҳсулоти нафтӣ барои Тоҷикистон аст, сар аз моҳи апрели соли ҷорӣ боҷи гумрукӣ барои содироти нафти ин кишварро барои Тоҷикистон 25 дарсад афзуд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, роҳҳои алтернативии воридоти маҳсулоти нафтӣ аз кишварҳои дигари содиркунанда, махсусан Эронро низ ҷустуҷӯ доранд. Зайниддин Мӯъминов, як масъули вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ҳам мегӯяд, "мо бо ҷониби Эрон дар мавриди хариди нафт созишнома дорем ва агар имкон даст диҳад, ҳамкориҳоямонро дар ин бахш тақвият мебахшем."

90 дарсади маҳсулоти нафтии Тоҷикистон аз хориҷ ворид мешавад. Ин ҳам дар ҳоле, ки захираи нафти Тоҷикистон дар даврони Шӯравии пешин 113 миллион тонна баршумурда мешуд. Дар ҳоли ҳозир ширкатҳои хориҷӣ, назири "Тетис Петролиум"-и Бритониё ва "Газпром"-и Русия ба кашфу истихроҷи нафту газ дар Тоҷикистон ҷалб шудаанд. Ин захоири нафт дар ҳавзаҳои зиёди нафтӣ нуҳуфтаанд, аммо феълан аз чаҳор ҳавза - "Хоҷа Сартез", "Қизил-Тумшуқ", "Биштинчак" ва "Ниёзбек" истихроҷ мешавад. Ҳавзаҳои аслии захираҳои нафти Тоҷикистон дар ҷануб ва ғарби Тоҷикистон ҷойгиранд.