Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талошҳо барои ҷилавгирӣ аз афзоиши боҷи маводи нафтӣ


Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз идомаи афзоиши молиёти маводи нафтӣ як қатор тадобирро пешниҳод кардааст.

Зайниддин Маҳмудов, сардори шӯъбаи ҳамкориҳо бо Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъи ин вазорат ба Радиои Озодӣ гуфт: «Вобаста ба қарорҳое, ки аз сӯи Федератсияи Русия барои боло бурдани молиёти маводӣ нафтӣ шуда истодааст, ҳукумати Тоҷикистон маҷбур аст барои таъмини бозораш бо маводи сӯхти арзон чораҳои зарурӣ андешад.»

ҶАҲИШИ БЕМИСЛИ ҚИМАТИ МАВОДИ НАФТӢ

Русия, ки тавассути ширкати «Газпром» 90 дарсади эҳтиёҷоти Тоҷикистон ба маводи нафтиро таъмин мекунад, танҳо тайи чор моҳи соли равон ду маротиба боҷи гумрукии ин навъи маводро боло бурд. Тибқи иттилои расмӣ, боҷи гумрукӣ бори аввал моҳи майи соли 2010 ба 14 дарсад, бори дуввум моҳи феврали соли равон ба 5, 3 ва маротибаи охир аз шурӯъи моҳи апрел низ ба 5, 3 дарсад боло бурда шуд ва ба ҳамин минвол, масалан, қимати як тонна бензин имрӯз аз 200 доллари соли 2010 ба 284 доллар расид.

РОҲҲАЛ ЧИСТ?

Зайниддин Маҳмудов аз бастаи пешниҳодот танҳо ду роҳҳалро мисол овард. Яке идомаи музокирот бо Русия барои коҳиш додани қимати боҷи гумрукӣ аст ва дигаре ворид кардани маводи нафтӣ ба Тоҷикистон аз Қазоқистон, Туркманистон, Озарбойҷон ва Эрон.

Коршиносон мегӯянд, идомаи музокирот бо Русия ҳамчун як роҳи ҳалли қазия ҳаққи буданро дорад, аммо ворид кардани маводи нафтӣ аз кишварҳои дигар бояд дар афзалият қарор гирад.

Тибқи иттилои расмӣ, Тоҷикистон соли гузашта 630 ҳазор тонна маводи
Фирӯз Саидов
нафтӣ ворид кардааст, ки 90 дарсад ба Русия, 4,5 дарсад ба Туркманистон ва 2,5 дарсад ба Қазоқистон рост меояд. Ҳоло дар кишвар нархи бензин ҳудуди 5 сомонӣ, беш аз 1 доллари амрикоист.

"ВОБАСТА НАБОЯД БУД"

Фирӯз Саидов, аз Маркази таҳқиқоти стратегии назди раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар қонуни зиддиинҳисории Тоҷикистон бар пояи қонунҳои иқтисоди ҷаҳонӣ бояд ин нукта зикр шавад, ки як ширкати хориҷӣ набояд беш аз 15- 20 дарсади маводи нафтиро ворид кунад: «Агар аз 10- 12 ширкат гиред, ҳама нархи ширкатҳо якхела намешавад. Ширкатҳо маҷбур мешаванд, ки барои ба рақобат тоб овардан дар бозор нархро кам кунанд. Аммо танҳо масъалаи нарх нест. Шумо агар аз як ҳамсоя мол гиред, рӯзе бо он ҷанҷол кунед, дигар он молро гирифта наметавонед. Гап дар бораи вобаста набудан аз як ширкату як давлат меравад. Инро амнияти иқтисодии кишвар ҳам талаб мекунад.»

Оқои Саидов мегӯяд, роҳи дигари раҳоӣ аз ин вазъ, ворид шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ аст, ки аз ин сабаб боҷи гумрукӣ барои маҳсулоти нафтии Қирғизистонро Русия лағв кардааст.

РОҲИ НАҶОТ ҲАМКОРӢ БО ЭРОН?

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, коршинос дар умури иқтисод мегӯяд, ворид шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ фишорҳои иқтисодии Русияро коҳиш намедиҳад, зеро тақозои Русия бештар аз ин ва қабл аз ҳама сиёсӣ аст. Вай
Ҳоҷимуҳаммад Умаров, коршинос дар умури иқтисод
афзуд, аз ин хотир, Тоҷикистон бояд бо кишварҳои дигар, қабл аз ҳама Эрон дар заминаи коркарди маводи нафтӣ корхонаи муштарак бунёд кунад: «Ин он қадар кори мушкил нест. Коркарди нафт осонтар аз кашондани бензин аст. Инро системаи креккинг мегӯянд, ки дар натиҷа ба ҷуз сӯзишворӣ дигар намуди маҳсулоти нафтӣ низ ба даст меоянд.»

Иддае дигар аз коршиносон бо ишора ба вобастагии ноаёни кишварҳои минтақа ба Русия, вазъи ҷуғрофии Тоҷикистон ва мухолифатҳояш бо Ӯзбакистон, ки роҳи аслии интиқоли маводи нафтӣ аз қаламрави он мегузарад, мегӯянд, роҳи ҳалли мушкил ҳамоно музокирот бо Русия аст. Ба қавли онҳо, Русия то охир барои ба даст овардани ҳосили фишорҳои иқтисодиаш хоҳад кӯшид ва монеа шудани ҳама гуна кишварҳоро нахоҳад бахшид, бахусус ин, ки бархе кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон ба он омодаанд мусоидат кунанд.
XS
SM
MD
LG