Ошӯбгарон аз қабилаи таворуқҳо, ки рӯзҳои ахир се шаҳри бузург дар шимоли кишвари африқоии Малиро таҳти назорат гирифтанд, дар бораи оташбаси якҷониба хабар доданд.
Дар изҳороти таворуқҳо, ки ахиран аз тариқи интернет пахш шуд, гуфта шудааст, онҳо ба ҳадафи аслии худ – озодии пурраи минтақаи Озовод расиданд. Раҳбарони қабила иқрор карданд, ки рӯи тасмими онҳо барои оташбаси якҷониба мавқеи ҷомеъаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла, Шӯрои амнияти СММ ҳам таъсир гузоштааст.
Рӯзи чаҳоршанбе Шӯрои амнияти СММ табодуллоти ахири низомӣ дар Малиро маҳкум кард ва ҳамзамон аз таворуқҳои ҷудоихоҳ даъват намуд, ки фавран аз хушанат даст бардоранд.