Дар шаҳри Дума, воқеъ дар канори Димишқ, пойтахти Сурия, миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷонибдорони мухолифин, ки истеъфои раисиҷумҳур Башор Асадро талаб доранд, даргириҳои нав ба вуқӯъ пайвастанд.
Ба иттилои созмони ҳомии ҳуқуқи башари Сурия, ки дар Лондон мустақар аст, субҳи рӯзи панҷшанбе низомиён бо истифода аз зиреҳпӯшҳо ба Дума ҳамла карданд. Миёни ҷонибҳои даргир тирпарронии шадид сурат гирифт. Аз минтақаи масҷиди бузурги шаҳр дуди ғализ ба осмон мепечад.
Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи башар, ҳарчанд Башор Асад бо шартҳои тарҳи сулҳи фиристодаи вижаи СММ ва Ҷомеъаи кишварҳои араб Кофӣ Аннон розӣ шудааст, аз оғози ҳафта бар асари идомаи хушунатҳо дар Сурия дасти кам 170 нафар ба ҳалокат расиданд.