Овозхони маъруфи амрикоӣ Уитнӣ Ҳюстон, ки 11 феврали соли равон дар ҳаммоми ҳуҷрааш дар меҳмонсарои “Беверлӣ-Ҳиллз”-и шаҳри Лос-Анҷелес ғарқ шудааст, қабл аз марг кокаин ва ҳашиш истеъмол карда буд. Ба ин нукта дар гузориши ниҳоии ташхиси сабабҳои ҳалокати хонум Ҳюстон таъкид шудааст.
Дар гузориши муқаддамотӣ гуфта мешуд, ки овозхони машҳур аз маризии қалб бар асари истеъмоли маводи мухаддир ғарқ шудааст. Уитнӣ Ҳюстон маводи нашъаовар истеъмол мекард ва чанд бор мавриди табобат ҳам қарор гирифта буд. Пеш аз маргаш хабарнигорон мушоҳида карданд, ки ӯ зиёд шароб менӯшад.
Овозхони маъруф дар арафаи маросими супурдани ҷоизаҳои навбатии “Грэммӣ” аз олам даргузашт.