Сергей Шойгу волии вилояти Маскав интихоб шуд

Сергей Шойгу

Думаи давлатии вилояти Маскав номзадии вазири ҳолатҳои изтирории Русия Сергей Шойгу ба мақоми волии вилоятро пазируфт. Ба иттилои хабаргузориҳо, аз номзадии ӯ ҳама вакилон якдилона пуштибонӣ карданд. Аз ин пеш намояндагони ҳама фраксияҳои Думаи вилоятӣ эълом доштанд, ки ба ҷонибдории Шойгу раъй медиҳанд.

Номзадии Сергей Шойгу ба мақоми волии вилояти Маскав аз сӯи раисиҷумҳур Дмитрий Медведев пешбарӣ шуда буд.

Ваколатҳои раҳбари феълии вилояти Маскав Борис Громов моҳи май ба поён мерасанд. Маросими ба курсии волӣ нишастани Сергей Шойгу рӯзи 11 май баргузор мешавад.