Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон субҳи рӯзи панҷшанбе, 5-уми апрел, барои ширкат дар нишасти вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои узви Ҷомеаи Муштаркулманофеъ ва созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ озими Остона шуд.
Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар нишасти Остона масоили марбут ба амнияти минтақа баррасӣ хоҳад шуд. Дафтари матбуоти СПАД низ гуфтааст, вазирони хориҷаи кишварҳои Ҷомеаи Муштаракулманофеъ бештар ба масоили марбут ба вазъи амниятии Афғонистон таваҷҷӯҳ нишон хоҳанд дод. Гуфта мешавад, вазъи амниятии марзи муштараки Тоҷикистон бо Афғонистон ва ҳамчунин масъалаи марбут ба интиқоли транзити нерӯҳои эътилофи зиддитеррор аз тариқи қаламрави кишварҳои узви Ҷомеаи Муштаркулманофеъ аз масъалаҳои дигари матраҳ дар ин нишаст хоҳад буд.
Дар ҳамин ҳол дафтари матуботи вазорати дифои Тоҷикистон хабар дод, ки Шералӣ Хайруллоев низ дар ин нишаст ширкат хоҳад кард.