Ҷалби домуллоҳо барои мубориза бо сил

Маркази мубориза бо бемории сили вилояти Хатлон барои ҷилавгирӣ аз густариши ин беморӣ аз нерӯи домуллоҳо ва имом-хатибони масоҷид истифода мекунад.
Абдулмаҷид Сангинов, корманди масъули маркази мазкур ба Радиои Озодӣ гуфт, қарор аст, ояндаи наздик барои домулло ва имом-хатибони масоҷид давраҳои омӯзишӣ доир шуда, барои ташвиқи беморони сил ба табобат онҳоро ҷалб кунанд. Ин ҳамсӯҳбати мо афзуд, "шахсоне, ки мубталои бемории сил ҳастанд, бояд ба масҷидҳо нараванд. Ба тозагӣ риоя кунанд. Домуллоҳо оид ба ин ки беморон то замони комилан сиҳат шуданашон ба масҷид наоянд, ба намозгузорон ҳушдор медиҳанд."

Ба гуфтаи ҷаноби Сангинов, ҷалби рӯҳониён ба маъракаи таблиғотии зиддисилӣ ҷиҳати коҳиши мизони гирифторӣ ба ин маризии сироятӣ асари мусбат дорад, чун таъсири пешвоҳои дин ба аҳолӣ назар ба тавсия ва ҳушдорҳои пизишкон бештару амиқтар будааст.

Эшони Саидҷони Сорбонхӯҷа

Саидҷони Сорбонхӯҷа, имом-хатиби масҷиди марказии шаҳри Қӯрғонтеппа, ин хабарро, ки гӯиё домуллоҳо низ ба кадом маъракаҳои таблиғотии зиддисилӣ ҷалб шудаанд, рад карда гуфт, он воқеият надорад. Аммо рӯҳониён, ба гуфтаи ӯ, ҳамеша ба намозгузорон таъкид мекунанд, ки қоидаҳои гигиениро риоя намуда, ба тарзи ҳаёти солим рӯ оранд: "Бисёре аз бемориҳо, аз ҷумла сил, аз нафас ба нафас мегузаранд. Дар як ҷо ҷамъ омадани бемор ё беморони сил бо одамони солим метавонад бо сироятёбии солимон ба бемории сил анҷом ёбад. Аз ин рӯ, гигиенаро бояд риоя кунем. Расули Худо гуфтаанд, ки ғайри табару теша ё кордбуридагӣ, дигар аксари дардҳо гузаранда ҳастанд."

Аммо маркази мубориза бо бемориҳои сил мегӯяд, дар соли гузашта шуморае аз домуллоҳои масоҷиди Кӯлобу Қӯрғонтеппаро ба маъракаи мубориза бо бемории сил ҷалб кардаанд, ки дар ниҳоят беш аз 2 ҳазору 800 бемори навро ошкор ва ба табобат фаро гирифтаанд.

Имсол бошад, дар вилояти Хатлон қариб 600 нафар бемори силро бори аввал сабтином кардаанд, ки ниёз ба муолиҷаи саривақтӣ доранд. Ин ҳам дар ҳоле, ки мақомоти беҳдоштии Хатлон аз норасоии пизишкони силшинос дар бемористонҳои минтақа гузориш медиҳанд. Бо таваҷҷӯҳ ба афзоиши шумораи беморони сил қарор аст, ояндаи наздик дар шаҳри Қӯрғонтеппа беморхонаи нави зидди маризии сил бо ташхисгоҳи наву замонавӣ бунёд карда шавад.

Сӯҳроб Камолов, сарпизишки Маркази мубориза бо бемории сили вилояти Хатлон, гуфт, ин беморхона барои 60 ҷойи хоб дар як баст ва бо маблағгузории буҷаи маҳаллию созмонҳои байналмилалӣ бино хоҳад шуд. Гуфта мешавад, феълан дар қаламрави вилояти Хатлон беш аз 10 дармонгоҳи бемории сил фаъолият мекунанд ва барои бунёди беморхонаи нав Сандуқи байналмилалии асъор 10 миллион доллари амрикоӣ ихтисос додааст.