Эълони айбнома ба 5 омили ҳамлаҳои 11 сентябр

Холид Шайх Муҳаммад дар зиндони Гуантанамо (Акси соли 2009)

Амрико 5 ҷангии эҳтимолии Ал-Қоидаро расман дар таҳияи ҳамлаҳои террористии 11 сентябри соли 2001, ки наздики 3000 кушта ба ҷо гузошт, айбдор кард. Ин панҷгона тарроҳи эҳтимолии он ҳамлаҳо Холид Шайх Муҳаммад ва Алӣ Абдулазиз аз Покистон, Валид Бин Оташ ва Рамзӣ Бин-ал-Шибҳ аз Яман ва Мустафо Аҳмад Ҳавсавӣ аз Саудия буда, дар зиндони Гуантанамо қарор доранд. Додгоҳҳои низомӣ зоҳиран аз моҳи май онҳоро дар ҳаминҷо муҳокима хоҳанд кард. Пентагон ин 5 танро ба ҷароиме, чун терроризм, одамрабоӣ, куштор ва тахриби молу мулк айбдор мекунад. Дар сурати дайн шудани иттиҳомот онҳоро метавонанд ба қатл маҳкум кунанд.