Ба рақиби Саакашвилӣ шаҳрвандӣ надоданд

Бидзина Иванишвилӣ

Гурҷистон дархости шаҳрвандии миллардер Бидзина Иванишвилиро радд кард. Соли гузашта, баъди ин ки ӯ ба ташкили як ҳизби мухолиф азм кард, мақомот бо баҳонаи шаҳрвандии Фаронсаро доштанаш Иванишвилиро аз ҳаққи табааи Гурҷистон маҳрум карданд. Вазорати адлияи Гурҷистон гуфт, Иванишвилӣ акнун метавонад барои ҳаққи душаҳрвандӣ муроҷиат кунад.Иванишвилӣ моҳе пеш ним миллион доллар ҷарима ҳам шуда буд. Тарафдорони раҳбари кунунии Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ рақиби ӯро ба ҳаводорӣ аз Русия айбдор мекунанд, ки соли 2008 бо Гурҷистон ҷангид. Иванишвилӣ дар Русия соҳиби чунин сармояи бузург шудааст.