Амрико бори дигар Эрон ҳушдор дод, ки баҳси табиати барномаи ҳастаияшро бояд ҷиддӣ бигирад, вагарна ба инзивоъи бештар ва таҳримоти боз ҳам сангинтари иқтисодӣ рӯбарӯ хоҳад шуд.
Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон гуфт, мақомоти ИА талош доранд, таърихи азсаргирии музокирот бо Теҳронро муайян кунанд, вале Амрико тарафдори “музокирот фақат ба хотири музокирот” нест. Клинтон гуфт, фурсати ҳалли дипломатии буҳрон ҳанӯз боқист, вале он бепоён нест. Ӯ афзуд, Амрико ҳалли сулҳомезро мехоҳад, вале “тамоми интихобҳо дар дастур кор қарор доранд.” Эрон исрор меварзад, ки барномаи ҳастаияш сулҳомез аст. Ғарб ба ин бовар надорад.