"Ҳила"-и сиёсии раисиҷумҳури Сербистон

Борис Тадич

Раисиҷумҳури Сербистон Борис Тадич ҳанӯз 10 моҳ қабл аз анҷоми давраи раёсаташ эълони истеъфо кард, ки роҳро барои интихоботи пеш аз мӯҳлат боз мекунад. Тадич гуфт, номзадиашро дар интихобот дубора хоҳад монд. Ҳадаф зоҳиран дар як вақт бо интихоботи парлумонӣ дар таърихи 6 май доир кардани интихоботи раёсатҷумҳурист ва Тадич мехоҳад бо ҳузури худ ба шонси ҳизби демократаш дар ин маърака биафзояд. Рақиби аслии ӯ Томислав Николич – раҳбари ҳизби қавмгарои прогрессивии Сербистон аст.