Тошканд транзити газро ҳам расман радд кардааст

Шавкат Мирзиёев

Тошканд расман транзити гази Туркманистон ба Тоҷикистонро ғайримумкин номида, радд кардааст. Сарвазири Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар номае ба ҳамтои тоҷикаш Оқил Оқилов аз дидгоҳи Тошканд дар масоили танишзо дар равобити ду кишвар, аз ҷумла қатъи интиқоли газ, хуруҷи Узбакистон аз шабакаи барқи Осиёи Марказӣ, баста шудани роҳи оҳан ва минакории марзҳо, дифоъ кардааст. Узбакистон аз 1 апрел содироти газ ба Тоҷикистонро бас кард, ки фаъолияти ТАЛКО – бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистонро ба хатар рӯбарӯ карда, боиси қатъи тавлидот дар корхонаи сементи Душанбе шудааст.