Мақоми 114-уми Душанбе.Аз нигоҳи рушди фанноварӣ

Тоҷикистон дар раддабандии Ҳамоиши ҷаҳонии иқтисодӣ ва мактаби тиҷоратии INSEAD дар байни 142 кишвар аз нигоҳи рушди фанновариҳои иттилоотиву иртибототӣ дар мақоми 114-ум ҷой гирифт. Гузориши солонаи ин ду ниҳод дирӯз нашр шуд. Се сол боз дар мақоми аввали ин раддабандӣ Шветсия меояд. Мақомҳои баъдиро Сингапур ва Финландия гирифтаанд.