Лавров имрӯз ба Қирғизистон сафар мекунад

Сергей Лавров

Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров имрӯз бо як сафари дурӯза вориди Қирғизистон хоҳад шуд. Лавров дар Бишкек бо раисиҷумҳур Алмосбек Отамбоев ва ҳамтои қирғизаш Руслан Қазоқбоев таҳкими равобити алакай тақвиятёфтаи дуҷонибаро баҳс хоҳад кард. Имзои чанд қарордод низ пешбинӣ шудааст. Ҳаҷми тиҷорати ду кишвар дар соли гузашта тақрибан 1,4 миллиард долларро ташкил додааст, ки 1,1 миллиарди он содироти фаровардаҳои Русия ба Қирғизистон аст.