Пирӯзии тимҳои футболи "Барселона" ва "Бавария"

“Бавария”-и Мюнхен ва “Барселона” ба даври ниманиҳоии Ҷоми қаҳрамонҳои футболи Аврупо роҳ ёфтанд. “Барселона” дар майдони худ бар “Милан” бо ҳисоби 3:1 ва “Бавария” бар “Олимпик”-и Марсел бо натиҷаи 2:0 пирӯз шуданд. Имрӯз барои ду роҳхати боқимонда ба даври ниманиҳоӣ “Реал”-и Мадрид бо “Апоэл” ва “Челсӣ” бо “Бенфика” вориди рақобат хоҳанд шуд.